21:56 13 декабри 2017
Пахши мустақим
Машина милиции в Душанбе, архивное фото

Инфиҷор дар Раёсати умури дохилаи Хатлон: як милиса кушта шуд

© Sputnik
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
440 0 0

Афзун бар ин корманди дигари шуъба низ ҷароҳат бардошта, ба беморхона интиқол дода шудааст. Аз рӯйи ин ҳодиса тафтишот идома дорад

ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Як корманди милиса дар натиҷаи таркиш дар бинои Раёсати умури дохиилаи вилояти Хатлон дар шаҳри Қӯрғонтеппа ба ҳалокат расид.

 "Корманди милиса, муфаттиш Муҳиддин Зоҳидови 31-сола, ба омӯзиши маводҳои кӯҳнаи тарканда машғул будааст. Ӯ бояд рақамҳои онҳоро мушаххас карда, дар парванда қайд мекардааст. Муфаттиш дар пайи ин омӯзиш талаботҳои бехатариро риоя накардаст, ки дар натиҷа таркиш ба амал меояд", —хабар додааст як манбаъ аз ВУД ба РИА Новости.

Афзун бар ин дар пайи ин ҳодисаи нохуш як корманди дигари ВУД ҷароҳат бардошта ба беморхона интиқол дода шудааст. Тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
инфиҷор, муфаттиш, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ