05:45 15 декабри 2017
Пахши мустақим
Полиция, архивное фото

Тоҷикдухтареро, ки дар Доғистон дуздида буданд, дар Маскав пайдо карданд

© Sputnik / Наталья Селиверстова
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
7910

Ин духтари панҷсоларо даҳ моҳ пеш аз ин - 27 январ аз хиёбоне дар шаҳри Хасавюрт дуздида буданд

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Фарзона (Мадина) Гиёева пас аз даҳ моҳ дар шаҳри Балашиха вилояти Маскав ёфт шуд, гузориш дод равобити умумии Вазорати умури дохилии Русия.

Як шаҳрванди Тоҷикистон 2-уми феврал ба ВУД Доғистон аз гум шудани духтараш хабар дода буд ва пас аз он амалиёти ҷустуҷӯ оғоз шуд.

Дар паи ин амалиёт бозҷӯён ошкор кардаанд, ки ин духтарак 27 январ аз хиёбоне дар шаҳри Хасавюрт дар Ҷумҳурии Доғистон дуздида шуда ва ба дигарҷо бурда шудааст.

"Рӯзи 30-уми ноябр дар шаҳри Балашиха дар вилояти Маскав духтараки дуздидашуда пайдо шуд. Ду зан аз аҳолии рустои Баташюрти ноҳияи Хасавбрт ба иттиҳоми кӯдакдуздӣ боздошт шудаанд", — гуфта мешавад дар иттилоъияи ВУД Русия.

Кумитаи бозҷӯии Русия ҳамчунин иттилоъ додааст, ки ҳамакнун амалиёти бозҷӯиро барои такмили парванда идома дода ва масъалаи боздошти муттаҳамонро баррасӣ дорад.

Гуфта мешавад, ки ин духтарак дар ин даҳ моҳе, ки аз хонаводааш дур буда, осебе надидааст ва таҳдиде ба ҷону тандурустияш намешавад.

Барчаспҳо:
Русия-Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ