22:01 13 декабри 2017
Пахши мустақим
Донишҷӯ, акс аз бойгонӣ

ВУД: донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар ҳолати мастӣ зани 34-соларо лату кӯб кард

© Sputnik / Владимир Федоренко
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
195 0 0

Гумонбаршуда, ҳамчунин маблағ ва телефони сокини шаҳри Хуҷандро тасарруф кардааст

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гузориш медиҳад, ки даршимоли Тоҷикистон донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷандро ба иттиҳоми авбошӣ ва дуздӣ боздошт кардааст.

Бино бар иттилои манбаъ,  гумонбаршуда марди 25-сола- донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон будааст.

Номбурда, санаи 17-уми ноябри соли 2017, тахминан соати 05:00-дақиқа, дар ҳолати мастӣ ба хонаи истиқоматии зани 34-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, ӯро зери лату кӯб қарор додааст. Сипас бо роҳи ошкоро аз ҷайби кастюмаш 100-сомонӣ ва 1-адад телефони мобилии тамғаи "Самсунг Ҷ-5", ки арзишаш 1400-сомониро ташкил медиҳад, гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
авбошӣ, донишҷӯ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ