05:42 15 декабри 2017
Пахши мустақим
ДТП на автотрассе Душанбе-Худжанд-Чаннок

Як корманди БДА бо хонаводааш дар гарданаи Фахробод кушта шуд

© Фото: МВД РТ
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
161 0 0

Дар натиҷаи тасодум дар гарданаи Фахробод як корманди Бозрасии давлатии автомобилии ВУД ҶТ бо зану фарзандонаш ҷон бохт

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Як корманди Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанбе ва ҳамсару ду фарзандаш дар паи бар хӯрдани худравҳо ҷон бохта ва ду фарзанди дигараш захмӣ шуданд.

Бино ба иттилоъи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ин пешомад шоми 3 декабр дар гарданаи Фахробод дар роҳи Душанбе ба Қӯрғонтеппа рух додааст.

Гуфта мешавад, худраве, ки Наврӯз Туманов бо хонаводааш савор буда, бо худрави дигар тасодум кардааст. Дар натиҷа ӯ, ҳамсар ва ду фарзандаш дар ҷо кушта шуданад.

Ду фарзанди дигараш дар ин сонеҳа захмӣ шуда ва ба бемористон бурда шуданд.

Вазорати умури дохилии ҶТ ин ҳодисаро бозрасӣ мекунад.

Мавзуъ

Фалокат: 24 муҳоҷири тоҷик дар роҳи бозгашт аз Русия ба сонеҳа дучор шуданд
ВКД: сонеҳа дар Дарвоз боиси марги 4 нафар гардид
Барчаспҳо:
дужомадҳои нобаюсида, БДА ВУД ҶТ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ