00:02 17 январи 2018
Пахши мустақим
Тундбод дар Хуҷанд

На барқу на об: пайомадҳои тундбод дар Хуҷанд

© Facebook / Я Люблю Худжанд
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
120520

Дар шаҳри Хуҷанд шаби гузашта тундбод сар задааст

ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Тундбод арчаи марказиро ҳам чаппа кардааст. Дар ин бора бошандагони шаҳри Хуҷанд хабар додаанд.

Арчаи солинавӣ дар шаҳри Хуҷанд
© Фото: Аз гурӯҳи "Хуҷандро дӯст медорам"
Арчаи солинавӣ дар шаҳри Хуҷанд

Ба гуфти бархе аз хуҷандиҳо, тундбод боми бисёре аз сохтмонҳо, симҳои интиқоли барқ ва лӯлаҳои обрасониро канда аст.

"Мо на барқ дорему на об", — навиштааст яке аз корбарони Фейсбук.

Мадина Ҳасанова навиштааст, ки шаби душвореро аз сар гузарондааст. Дар ин росто Ҷамшед Комилов чунин навиштааст, "бомдод соати 5 шаҳрро гаштам, дар маҳаллҳои 8-12-13-18 ва 19 дарахтон решакан шудааст".

"Бомҳои хонаҳои моро шамол бурду қубурҳои обгузар вайрон шуданд", — навиштааст Гулбаҳор Расулова.

Ҳамчунин ин тундбоди харобиовар ба бемористони марказӣ ҳам зиён расонидааст.

  • Бемористони марказии шаҳри Хуҷанд
    Бемористони марказии шаҳри Хуҷанд
    © Фото: Аз гурӯҳи фейсбукии "Ман Хуҷандро дӯст медорам"
  • Оқибатҳои тундбод дар Хуҷанд
    Оқибатҳои тундбод дар Хуҷанд
    © Фото: Аз гурӯҳи "Хуҷандро дӯст медорам"
  • Пайомадҳои тундбод дар Хуҷанд
    Пайомадҳои тундбод дар Хуҷанд
    © Фото: Аз гурӯҳи "Хуҷандро дӯст медорам"
  • Арчаи солинавӣ дар шаҳри Хуҷанд
    Арчаи солинавӣ дар шаҳри Хуҷанд
    © Фото: Аз гурӯҳи "Хуҷандро дӯст медорам"
1 / 4
© Фото: Аз гурӯҳи фейсбукии "Ман Хуҷандро дӯст медорам"
Бемористони марказии шаҳри Хуҷанд

"Тамоми шаб хоб накардам. Садои тундбод хеле сахт буд. Ва садоҳои решакан шудани дарахтон шунида мешуд. Антенаҳо аз болои бомҳо париданд", — навиштааст Шарифҷон Тоҷибоев.

Мавзӯъҳои асосӣ