01:44 24 октябри 2017
Пахши мустақим
Панба. Акс аз бойгонӣ

Тоҷикистон содироти пахтаро 25% коҳиш дод

© Sputnik / Ратушенко
Саноат
Гирифтани линки кӯтоҳ
5 0 0

Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон далоили коҳиши мизони содироти панбаро дар коҳиши тавваҷӯҳи кишоварзон ба ин зироат ва пойин рафтани арзиши он дар бозорҳои ҷаҳонӣ арзёбӣ мекунад.

ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Дар соли 2014 содироти нахи панба 86 ҳазор тонна шуд, ки нисбати соли 2013 24,5% камтар аст, хабар дод вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон Шариф Раҳимзода дар нишасти матбуотии 28 январ.

Соли гузашта дар Тоҷикистон 372 ҳазор тонна панба ҷамъоварӣ шуд, ки 5% камтар аз дурнамои оғози кишти дар баҳори соли 2014 аст.

"Аз миқдори ҳосили ҷамъоваришуда дар соли 2014 50 ҳазор тонна нахи панба ва 36 ҳазор тонна нахи панбаи ҳосили соли 2013 содирот шудааст. Феълан 75 ҳазор тонна панба дар Тоҷикистон боқӣ монда коркард мешавад", — зикр кард вазир.

Содироти нахи пахта ҳамасола коҳиш меёбад. Ба унвони мисол, дар соли 2012 миқдори содирот 144 ҳазор тонна ва дар соли 2013 ҳамагӣ 115 ҳазор тоннаро ташкил медод.

Дар вазорати кишоварзӣ шарҳ доданд, ки ба далели коҳиши қимати ҳамасолаи панба дар бозорҳои ҷаҳонӣ кишоварзони тоҷик ба ин зироат чандон тавваҷӯҳ намекунанд.

Тибқи омори расмӣ харидорони аслии пахтаи тоҷик дар соли гузашта — Туркия (40,7% аз ҳаҷми умумӣ), Эрон (21,4%), Русия (15,7%) ва Покистон (13,4%) мебошанд.

Ба ҷуз аз ин кишварҳо, панбаи тоҷик ба миқдори камтар ба Латвия, Чин, АМА, Малдова, Беларус, Қазоқистон, Литва ва Арманистон содир шудааст.

Мавзуъ

Раҳимзода: мо аз сармоягузориҳои Чин ҳарос надорем
Барчаспҳо:
коҳиши мизони содироти панба, вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, Шариф Раҳимзода, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ