Анҷоми 70 % корҳо дар бунёди корхонаи сементбарории Суғд

© Sputnik / Валерий ТитиевскийСохтмон. Акс аз бойгонӣ
Сохтмон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Айни замон наздик 70 дарсади корҳо дар умури бунёди корхонаи муштараки сементбарории Тоҷикистону Чин ба итмом расида, он дар арафаи ҷашни Истиқлол ба истифода дода хоҳад шуд.

ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ роҳбарияти корхонаи муштараки сементбарории Тоҷикистону Чин "Хуаксин — Ғаюр — Суғдсемент" — ро дар ҳайати директори кулли корхона хонум Лю Юн Ся ва роҳбари намояндагии ширкат дар Тоҷикистон Акбар Ғуломов ба ҳузур пазируфт, менависад сомонаи ҳукумати вилояти Суғд.

Ба гуфтаи раиси вилояти Суғд дар асоси қарору барномаҳои ҳукумат баҳри ҷалби бештари сармоягузорӣ тамоми шароитҳо фароҳам оварда шуда, дар ин раванд аз ҷониби шарикони хориҷӣ як қатор коргоҳҳои хурду бузург сохта шудааст ва сохтмони чанде дигар босуръат ҷараён дорад, ки корхонаи "Хуаксин — Ғаюр — Суғдсемент" аз ҷумлаи онҳост.

"Хуаксин — Ғаюр — Суғдсемент" яке аз бузургтарин истеҳсолкунандаи масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла семент, дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, айни замон зиёда аз 40 коргоҳи он дар манотиқи гуногуни рӯи олам арзи ҳастӣ дорад. Соли 2013 аз ҷониби ҳамин ширкат дар ноҳияи Ёвон коргоҳи сементбарорӣ мавриди баҳарабардорӣ қарор гирифта, дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ соли гузашта сохтмони корхонаи нави сементабарорӣ бо иқтидори истеҳсолии 1,2 — миллион тонна дар як сол оғоз ёфтааст",-омадааст дар хабари манбаъ.  

Зимнан, ба масъулини ин корхона тавсия дода шуд, ки дар оянда дар шаҳри Хуҷанд шабакаи барқу гармидиҳии ширкатро бо иқтидори 100 мегават бунёд намоянд. Зеро ин амал метавонад баҳри таъмини беҳтари сокинони вилоят бо нерӯи барқ ва гармидиҳӣ таъсири мусбӣ расонад.

Қайд гардид, ки дар ин корхонаи аз ҷониби ин ширкат сохташаванда, дар масоҳати умумии 48 га замини хушку саҳро бо маблағи зиёда 100 миллион доллари амрикоӣ бунёд ёфта, иқтидори лоиҳавии корхона дар як сол 1,2 миллион тонна сементи навъи 500 мебошад. Дар он қариб 1000 нафар бо кори доимӣ таъмин мегарданд. Корхона аз ҷиҳати технологӣ бо таҷҳизоти навтарини истеҳсоли семент ҷиҳозонида мешавад. Дар коргоҳи мазкур барои бароварда намудани талаботи нерӯи барқ маркази барқӣ ва гармидиҳӣ бо иқтидори 25 мегават сохта мешавад.

"Ҳоло наздик ба 70 дарсади корҳо ба итмом расида, корхона дар арафаи ҷашни Истиқлол пурра ба истифода дода мешавад",- меафзояд манбаъ.

Ба қавли сарчашмаи хабар, дар иншооти макур зиёда аз 60 нафар бинокрон ва мутахассисон фаъолият доранд, ки аксари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистонанд. Бо баробари ба истифода додани коргоҳ сафи кормандон бештар гардида, нархи семент дар бозори дохила то 25-дарсад коҳиш меёбад.

Лентаи хабарҳо
0