22:00 13 декабри 2017
Пахши мустақим
Намои деҳаи Поймазори ноҳияи Ванҷ дар Бадахшон

Ванҷ: ширкати чинӣ дар Поймазор корхонаи мармар мекушояд

© Sputnik Хилватшо Ходжаев
Саноат
Гирифтани линки кӯтоҳ
47 0 0

Кони мармари “Поймазор” бузургтарин захираи мармар дар ҷумҳурӣ маҳсуб шуда, бо хусусияти фарқкунандаи сангаш диққати мутахассисонро ба худ ҷалб кардааст. Мармари сафеди ин ҷо нарму мулоим ва коркарди он осону истифодааш дар корҳои ороишӣ қулай мебошад.

ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Як ширкати маъруфи чинӣ дар кони мармари деҳаи Поймазори ноҳияи Ванҷ, воқеъ дар қаламрави Бадахшон ба кор оғоз кард, иброз дошт дар як сӯҳбати телефонӣ бо Sputnik раиси ҷамоати "Рованд"-и ин ноҳия Рустам Ёдгоршоев.

"Ин ширкат аллакай се километр роҳеро, ки солҳои навадуми садаи бист сохта буданд ва равуои нақлиётро то маҳалли мармар таъмин мекард, таъмир намуда, аз сари нав барқарор сохтанд. Умури дигар дар минтақа босуръат идома дорад",- афзуд ӯ.

Ба қавли оқои Ёдгоршоев, ҳамроҳ бо мутахассисони чинӣ 15 сокини маҳаллӣ низ ба кор ҷалб гардида, оянда теъдоди онҳо хоҳад афзуд.

Кони мармари "Поймазор" бузургтарин  захираи мармар дар ҷумҳурӣ маҳсуб шуда, бо хусусияти фарқкунандаи сангаш диққати мутахассисонро ба худ  ҷалб кардааст. Мармари сафеди ин ҷо нарму мулоим ва коркарди он осону истифодааш дар корҳои ороишӣ қулай мебошад.

Ба гуфти коршиносон, кони "Поймазор" ду намуди мармар — сафеди барфӣ ва ҷигарӣ дорад, ки  талабот ба онҳо дар бозор хеле зиёд аст. Мутахассисони чинӣ таҷҳизоти сангбуриро бо худ оварда, намунаҳои тахтасанги мармарро омода карданд. Рӯзҳои наздик корҳои омӯзиши пурраи кон ва баҳисобгирии захираи он  ба анҷом мерасанд. Интизор меравад, ки аз баҳори соли оянда корҳои истихроҷи мармар дар кон авҷ мегиранд.

Дар сурати муваффақ гаштан масъулини ширкати чинӣ тасмим гирифтаанд, то 150  сокини маҳаллиро ба кор ҷалб кунанд. Ҳамчунин нақша доранд, ки роҳи ҳаштодкилометраи нақлиётиро аз маркази ноҳия то деҳаи Поймазор давра ба давра мумфарш намоянд.   

Мавзуъ

Бунёди пули мошингузар дар рустои Потови ноҳияи Ванҷ
Барчаспҳо:
мармари сафеди барфӣ ва ҷигарӣ, ба кор ҷалб кардани 15 коргари маҳаллӣ, мумфарш кардани роҳ, Поймазор, корхонаи коркарди мармари Поймазор, ширкати чинӣ, ҷамоати Рованд, Рустам Ёдгоршоев, Рованд, Поймазор, Бадахшон, Тоҷикистон, Ванҷ

Мавзӯъҳои асосӣ