Қаҳвахонаи “Баскин Роббинс” дар Душанбе ифтитоҳ мешавад

© AP / John HayesҚаҳвахонаи "Баскин Роббинс". Акс аз бойгонӣ
Қаҳвахонаи Баскин Роббинс. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бо мақсади афзоиши содирот, як ширкати истеҳсолкунандаи яхмос мехоҳад нахустин каҳвахонаи “Баскин Роббинс”-ро дар пойтахти ҷумҳурӣ кушояд.

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Дар Душанбе нахустин  нуқтаи яхмосфурӯшӣ аз шабакаҳои каҳвахонаи маъруфи "Баскин Роббинс" ифтитоҳ меёбад, мегӯяд портали хабарии The Dairy News.

Аз хадамоти матбуотии қаҳвахонаи маъруфи яхмосфурушӣ хабар доданд, ки бо мақсади  афзоиши содирот дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон ширкати "Баскин Роббинс" мехоҳад нуқтаҳои шабакаҳои қаҳвахонаҳои худро кушояд ва имсол ин тасмим дар Тоҷикистон роҳандозӣ мегардад.

Дар Русия ширкати амрикоии "Баскин Роббинс" соли 1998 ба кор шурӯъ намуда, каҳвахонаи аввалини он дар шаҳри Маскав соли 1992 ифтитоҳ гардид. Истеҳсолоти Русия аз ҷиҳати бузургӣ дар ҷаҳон ҷои дуюмро ишғол менамояд ва шабакаҳои франшизии қаҳвахонаҳои мазкур 278 ададро  дар 86 вилояти Руссия ва кишварҳои ИДМ ташкил медод.

Дар ин ширкат беш аз 1000 намуди ғизо истеҳсол мегардад, дар Русия бошад, 140 намуди он дар истеҳсолот вуҷуд дорад.

Лентаи хабарҳо
0