08:50 24 ноябри 2017
Пахши мустақим
Абдураҳмон Қодирӣ. Акс аз бойгонӣ

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти Суғд ба як миллиард дулор расонида мешавад

Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook
Саноат
Гирифтани линки кӯтоҳ
15910

Ин нуктаро раиси вилояти Суғд, Абдураҳмон Қодирӣ дар ҷасалаи 15-уми байнидавлатии кишварҳои ИДМ оид ба бехатарии саноатӣ гуфтааст

ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд, рӯзи 14 сентябр дар шаҳри Гулистон ҷаласаи 15-уми байнидавлатии ИДМ оид ба бехатарии саноатӣ баргузор шудааст.

Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ рушди соҳаи саноатро дар вилояти Суғд назаррас арзёбӣ намуда, таъкид кардааст, ки дар маҷмӯъ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар оянда ба як миллиард дулор расонида мешавад.

"Ҳоло дар вилояти Суғд якчанд корхонаҳои бузурги муштараки саноатӣ фаъолияти пурсамар доранд. Меҳмонон дар доираи сафарашон ба вилояти Суғд тибқи барномаи корӣ аз корхонаҳои саноатӣ ва мавзеъҳои фарҳангиву таърихӣ боздид намуда, худ шоҳиди пешравиҳои соҳаҳои мухталиф хоҳанд шуд", — гуфтааст Қодирӣ.

Шӯрои байнидавлатии ИДМ оид ба бехатарии саноатӣ соли 2002 созмон ёфтааст. Ҳадаф аз ташкили он ҳалли масъалаҳои марбут ба бехатарии саноатӣ ва таъмини кафолати амнияти ҳаёт ва саломатии кормандоне, ки дар иншооти хатарнок кору фаъолият менамоянд, инчунин ҳифзи аҳолӣ ва муҳити зист аз садамаҳои техногенӣ бо назардошти истифодаи самараноки таҷриба ва илму техника мебошад.

Дар ҷаласаи 15-ум бо қарори аъзои Шӯро Раёсати Шӯрои байнидавлатии ИДМ оид ба бехатарии саноатӣ ба уҳдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуд.

Ба ҳайъати Шӯро ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Арманистон, Молдова, Федератсияи Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Украина шомил мебошанд.

Илова бар ин бо пешниҳоди кишварҳои аъзои Шӯрои мазкур дар ҷаласаи 15-ум намояндагони Узбакистон даъват шуда, ширкат кардаанд.

Мавзуъ

Нигаронии раисҷумҳур аз вазъи бади саноат ва ёдоварӣ аз захираҳои нафту газ
Вазири саноат: ТАЛКО мушкилот дорад ва онро бояд ҳал кард
Барчаспҳо:
ҷаласа, ИДМ, Абдураҳмон Қодирӣ, Суғд

Мавзӯъҳои асосӣ