01:34 24 октябри 2017
Пахши мустақим
Тасвирбаён

Созмони тундгарои “Давлати исломӣ”

Гирифтани линки кӯтоҳ
35 0 0
Давлати исломӣ
© Sputnik

Гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар қаламрави таҳти нуфузаш дар кишварҳои Ироқ ва Сурия аз бунёди хилофат дарак дод. Ба навиштаи New York Times, амалиёти низомии ИМА алайҳи тундравони исломӣ се марҳаларо дар бар мегирад.

Авохири моҳи июн размандагони "Давлати исломӣ" (исми пешини он "Давлати исломии Ироқу Шом" буд) дар бораи созмон додани хилофат дар қаламрави таҳти нуфузашон дар Сурия ва Ироқ эълом доштанд. Роҳбарии ин "давлат"-и эътирофнашударо пешвои ҷангиёни созмон — Абдулло Иброҳим ибни Самараӣ, ҳамчунин маъруф ба тахаллуси Абубакри Бағдодӣ ба дӯш гирифт. Моҳҳои ахир тундравон минтақаҳои зиёди аҳолинишинро дар қаламрави Ироқ забт карда, нияти боз ҳам тақвияти ҳамларо алайҳи низомиёни Ироқ доранд. Онҳо аз ҳама мусулмонон даъват кардаанд, ки ба халифаи ҷадид байъат кунанд.

Рӯзномаи New York Times менависад  амалиётҳои низомии ИМА алайҳи ҷангиёни "Давлати исломӣ" аз марҳила иборат аст ва он на камтар аз се сол идома меёбад. Давраи аввал аллакай оғоз гардида,  ки он аз ҳамлаҳои ҳавоӣ зидди ҷангиёни исломӣ иборат мебошад. Қисми дуввуми амалиёт ба омӯзишу тамрини низомиёни ироқӣ ва курд нигаронида шуда, инчунин таъмини силоҳу муҳиммоти ҷангӣ ба артиши онҳо ҳаст. Марҳилаи севвум ва аз ҳама муҳими амалиёт ба дӯши маъмурияти ҳукумати оянда вогузор мешавад, ки он нобуд кардани қувваҳои ҳарбии ҷангиёни "Давлати исломӣ" мебошад.

Тасвирбаёни бештар

  • Зиндагиномаи Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
    Таҷдиди ахир: 09:00 05.10.2017
    09:00 05.10.2017

    Эмомалӣ Раҳмон 65-сола шуд

    Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 5 октябр 65-сола шуд

    284
  • Бо пули iPhone дар Тоҷикистон чӣ метавон харид
    Таҷдиди ахир: 14:30 18.09.2017
    14:30 18.09.2017

    Бо пули iPhone дар Тоҷикистон чӣ метавон харид

    Sputnik Тоҷикистон ҳисоб карда баровард, ки чанде аз колоҳои дар боло тасвиршударо шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд бо пули iPhone харидорӣ кунанд

    326
  • Таҷдиди ахир: 10:30 10.09.2017
    10:30 10.09.2017

    Тоҷикистон - роҳ ба сӯи мустақилият

    Дар бораи он ки Тоҷикистон чи гуна ба сӯи Истиқлолият қадам ниҳод, шуруъ аз марзбандӣ дар давраи СССР ва шомилшавӣ ба СММ, аз инфографикаи вижаи мо маълумот бигиред

    82
  • Спартакиада в честь алмазного юбилея
    Таҷдиди ахир: 11:00 26.08.2017
    11:00 26.08.2017

    Ҳафтаи фарҳанги ВМКБ дар вилояти Суғд

    Аз 21 то 26-уми августи соли 2017 дар вилояти Суғд, Ҳафтаи фарҳангии вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор шуд. Дар тӯли ин рӯзҳо фарҳангиёни Бадахшон ҳунари худро ба суғдиён намоиш дода бо мардуми ин сарзамин ошно шуданд.

Мавзӯъҳои асосӣ