00:23 25 феврали 2017
Пахши мустақим
Тасвирбаён

Иди Рамазон ҷашни некӯӣ ва накукорӣ

Гирифтани линки кӯтоҳ
8521
Иди Рамазон
© Sputnik

Иди Рамазон — яке аз ҷашнҳои бузургтарини мусулмонони ҷаҳон ва мардуми Тоҷикистон ба шумор меравад. Ин ҷашн дар охири моҳи шарифи Рамазон таҷлил шуда, рӯзи бахшидани гуноҳҳои якдигар, некию накӯкорӣ дониста мешавад.

Иди Рамазон ё Иди Фитр дар Тоҷикистон рӯзи 6 июл ҷашн гирифта мешавад.

Дар ин рӯз мусулмонон либоси тоза ба бар намуда субҳи барвақт барои гузоштани намози ид ба масҷидҳо мераванд. Пас аз гузоштани намози ид ба аёдати падару модар, шахсони барҷомонда, ятимону маюбон рафта онҳоро бо рӯзи сиади Фитр табрик менамоянд, менависад Sputnik Узбакистон.

Ҳамчунин дар ин рӯзи бузург мардум аз ҳамдигар пузиш талабида гуноҳҳои якдигарро мебахшанд. Дар замонҳои пеш маҳз дар ҳамин рӯз миёни кишварҳои мухолиф созишномаҳои сулҳ баста мешуд.