12:04 16 декабри 2017
Пахши мустақим
Тасвирбаён

Парчами Тоҷикистон - рамзи ваҳдат ва ягонагии миллат

Гирифтани линки кӯтоҳ
28720
24-cолагии парчами давлатии ҶТ
© Sputnik

Имрӯз шаҳрвандони Тоҷикистон ҷашни муҳими давлатӣ - Рӯзи парчамро баргузор мекунанд. Ба гуфти президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон - парчам таҷассумгари таърихи куҳан, фарҳанги баланд, анъана ва урфу одатҳои мардуми тоҷик мебошад

Рангҳои парчам тасодуфан интихоб нашудаанд. Ҳар яки онҳо маънои амиқ дорад: ранги сурх рамзи ҷоннисориҳои миллат барои озодӣ, ранги сафед бахту иқболи сафед, сулҳ ва оромӣ, ранги сабз бошад сарсабзии кишвар мебошад.

Ин рангҳо ё бархе аз онҳо дар парчамҳои дигар кишварҳову сарзаминҳои мардумони эронитабор, аз ҷумла Эрону Афғонистон ва Иристон ё Осетия ва Курдистон низ ба кор рафтаанд. Ин рангҳоро дар ин парчамҳо чунин таъбир мекунанд, ки ранги сурх намоди озодӣ аст ва ранги сапед — намоди оромӣ ва ранги сабз — намоди ободӣ.

Мавзуъ

Парчами Тоҷикистон: намоди озодӣ, оромӣ ва ободӣ

Тасвирбаёни бештар

Мавзӯъҳои асосӣ