Қаллобон аз шаҳрвандони зубдовар 100 ҳазор долларро рабуданд

© SputnikАрзи миллӣ (сомонӣ)
Арзи миллӣ (сомонӣ) - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ду соҳибкор мавриди фиреби қаллобон қарор гирифтанд ва барои рӯёнидани қарз онҳо ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат карданд.

ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Шаҳрвандони фиребхӯрда ба ШКД-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт муроҷиат карда, иброз доштанд, ки қаллобон беш аз 500 ҳазор сомонии онҳоро гирифта, бозпас намедиҳанд, иттилоъ медиҳад сомонаи ВКД ҶТ.

"16 декабр ба ШКД дар ноҳияи Шоҳмансур шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳушёрҳоҷӣ Ҳасан Фамонӣ Алиризо Аҳмад, директори ширкати "Сурино"  муроҷиат намуд, ки моҳи январи соли 2014 шаҳрванд Саломатхон Неъмонова  бо  роҳи  фиреб  ба  бовариаш даромада, аз ӯ ба маблағи 72600 сомонӣ маҳсулоти  хӯрокворӣ  гирифта, то ҳол пулашро барнагардонидааст"-омадааст дар хабари сарчашма.

Ҳамин тариқ, Неъмонова  моҳи январи соли 2014 бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд  Салоҳиддин Раҷабов даромада, аз ӯ ба маблағи 24000 сомонӣ маҳсулотҳои  хӯрокворӣ  гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Ҳамчунин, ба ШВКД дар ноҳияи Шоҳмансур Матлуба Аҳмадова  низ муроҷиат кардааст.

"Моҳи августи соли 2013 ҳамсояаш Парвиз Шамсиев бо  роҳи  фиреб  ба  бовариаш  даромада, аз ӯ  ҳуҷҷатҳои манзили истиқоматиашро гирифта ба "ФСП"-и "Аввалин бонки молиявии хурд" гузошта, аз он ҷо маблағи 500000-сомонӣ қарз гирифта, ваъда додааст, ки дар муҳлати 1 сол пардохт намуда, ҳуҷҷатҳои манзили истиқоматиашро бар мегардонад, аммо то ҳол барнагардонидааст"- менависад манбаъ.

Аз рӯи далелҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад

 

Лентаи хабарҳо
0