ҲНИТ бо шаҳрдории Хуҷанд барои бино баҳси додгоҳӣ мекунад

© Официальная страница ПИВТ в FacebookЯке аз ҷаласаҳои ҲНИТ. Акс аз бойгонӣ
Яке аз ҷаласаҳои ҲНИТ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Масъулони ҲНИТ мегӯянд, тӯли 6 моҳи гузашта мақомот ҳанӯз аз додани иншооти баробарвазни дигар, замин барои бунёди бино ва ё ҷуброни молӣ, сарпечӣ мекунанд.

ДУШАНБЕ, 7 янв — Sputnik. Бахши ҲНИТ дар вилояти Суғд мегӯяд, алайҳи шаҳрдории Хуҷанд аризаи даъвоӣ омода намуда ва то чанд рӯзи дигар ба додгоҳ ироа хоҳад кард, хабар медиҳад "Радиои Озодӣ".

Бинои дафтари бахши суғдии ҲНИТ-ро мақомоти шаҳрдории Хуҷанд моҳи июни соли 2014 "тибқи нақшаи генералӣ"-и шаҳр бо ваъдаи пардохти ҷуброн, тахриб карда буданд.

Масъулони ҲНИТ мегӯянд, тӯли 6 моҳи гузашта мақомот ҳанӯз аз додани иншооти баробарвазни дигар, замин барои бунёди бино ва ё ҷуброни молӣ, сарпечӣ мекунанд.

Файзинисо Воҳидова, вакили дифоъ, ки аз манфиатҳои ҲНИТ ҳимоят мекунад, гуфтааст, ин ҳолат онҳоро водор кардааст қазияро бо роҳи додгоҳӣ ҳал кунанд.

"Мо аризаи даъвоиро омода кардем, дар наздиктарин рӯзҳо ба додгоҳи шаҳри Хуҷанд муроҷиат мекунем. Ҷиҳати "рӯёнидани зарари моддӣ, 622 ҳазор сомонӣ барои иҷборан қатъ кардани ҳуқуқи моликият ба бино", — гуфтааст Воҳидова.

Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар нишасти хабариаш рӯзи 5-уми январ гуфт, дархости ҲНИТ "дар чорчӯбаи қонун ва дар асоси нақшаи кулли шаҳри Хуҷанд" амалӣ хоҳад шуд.

"Мо дар ин бора ба шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ лоиҳа пешниҳод кардем, ки бинои хидматрасонӣ ё маъмуриеро дар шаҳр пайдо кунанд", — гуфтааст раиси шаҳри Хуҷанд.

Лентаи хабарҳо
0