Қонуни афви моҳи ноябр то ҳол нисбати 8,5 ҳазор нафар иҷро шудааст

Обуна шудан
То ба имрӯз аз зиндонҳои Тоҷикистон 3 ҳазору 557 нафар маҳбусон озод шудаанд. Дар маҷмӯъ, Қонуни афви моҳи ноябр, ки дар солҳои истиқлолият чаҳордаҳумин ба ҳисоб меравад, 10 ҳазор нафар афроди мазнунро фаро хоҳад гирифт.

Душанбе, 12 янв — Sputnik. То ҳол муфодди Қонун "Дар бораи Афв" нисбати 8,5 ҳазор нафар татбиқ шудааст, — навиштааст рӯзномаи "Ҷумҳурият" аз қавли раиси Идораи иҷрои ҷазои Вазорати адлияи Тоҷикистон генерал-лейтенант Изатулло Шарифзода.

Ин қонуни афв ба ибтикори президент Эмомалӣ Раҳмон ба манзури таҷлил аз 20-мин солгарди Қонуни асосии Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли 2014 тасвиб шуда буд.

"То 29-уми декабр аз зиндонҳои Тоҷикистон 3 ҳазору 557 нафар озод шудаанд. Аз ҷумла 1 ҳазору 518 нафар аз зиндонҳо, 1656 нафар аз зиндонҳои сукунатӣ ва 383 нафар аз боздоштгоҳҳо — гуфтааст Шарифзода. — Аз Идораи назорат ба иҷрои ҷазо дар ин муддат 3 ҳазору 960 нафар озод шудаанд".

Дар ин муддат 148 нафар ноболиғон, 248 нафар занон ва 39 нафар атбои хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Ӯзбакистон, Кения, Эрон, Туркия, Афғонистон ва Русия озод шудаанд.

Ҳамчунин тибқи муфодди ин қонун мӯҳлати ҷазои 1010 нафар коҳиш дода шудааст.

Қонуни афви моҳи ноябр, ки дар тӯли солҳои истиқлол чаҳордаҳумин ба ҳисоб меравад, дар маҷмӯъ нисбати 10 нафар афроди мазнун, муттаҳам ва таҳти пайгарди қонун иҷро мешавад.

Иҷрои муфодди ин қонун аз замони эъломи он тӯли 6 моҳ татбиқ мешавад. То тасвиби ин қонун дар зиндонҳои Тоҷикистон ҳудуди 13 ҳазор нафар иҷрои ҷазо мекарданд.

Лентаи хабарҳо
0