01:46 24 октябри 2017
Пахши мустақим
Амонулло Ҳукуматулло. Акс аз бойгонӣ

Тафтиши асноди нафақаи 18 ҳазор сомонии Амонулло Ҳукуматулло оғоз шуд

© Sputnik Амир Исаев
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
310

Асноди бемории раҳбари собиқи ширкати “Роҳи оҳан” барои санҷиш ба Хадамоти давлатии ташхиси тиббии Вазорати тандурустӣ пешниҳод шудааст.

ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Хадамоти давлатии ташхиси тиббӣ ба санҷиши асноди Амонулло Ҳукуматулло, собиқ роҳбари КВД "Роҳи оҳан" оғоз кардааст, ки 18 000 сомонӣ нафақа дорад, иттилоъ медиҳад радиои Озодӣ.

Ба иттилои расида, ин кор баъд аз баҳси бархоста дар бораи нафақаи маъюбии баъзе аз мақомдорон сурат мегирад. Абдукарим Шехов, раиси Хадамоти давлатии ташхиси тиббӣ   гуфтааст, ҳоло ин аснод дар дасти баррасист ва онҳо хулосаи худро дубора дар мавриди бемории Амонулло Ҳукуматулло пешниҳод хоҳанд кард.

Санҷиши бемории Амонулло Ҳукуматулло баъд аз он пеш омадааст, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур ва баъдан Абдуфаттоҳи Ғоиб, раҳбари Оҷонсии зиддифасод дар Тоҷикистон аз таъини нафақаи маъюбӣ ва ҳангуфту "осмонӣ" барои афроди солим ва гузашта аз ин, баъзе аз мақомдорони тоҷик, изҳори нигаронӣ карданд.

Раиси Оҷонсии зидди фасоди молӣ дар нишасти хабарии 26 январ дар ин маврид аз Амонулло Ҳукуматулло, раиси пешини Роҳи оҳан ва Наталя Назаршоева, раиси собиқи "Тоҷиксодиротбонк" ном бурд, ки ба иттилои ӯ, дувумӣ 17 ҳазор сомонӣ нафақа доштааст. Оҷонсии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа мегӯяд, Амонулло Ҳукуматулло 18 ҳазор сомонӣ нафақа мегирад.  

Абдукарим Шехов мегӯяд, таъини ҳаҷми нафақа, бахусус чунин нафақаи ҳангуфт, ба онҳо вобаста нест, аммо ташхиси дубора воқеъиятро нишон хоҳад дод.

"Воқеан, бар асоси ҳуҷҷатҳо Амонулло Ҳукуматулло бемор аст. Ӯ бештар аз касалии қанду дарди қалб азият мекашад. Вобастагӣ ба инсулинт дорад".

Қаблан, Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Оҷонсии назорати молӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон  дар нишасти хаӣбарӣ гуфт, то имрӯз 10 827 нафар, ё 30 дарсад аз ҷамъи онҳое, ки нафақаи маъюбӣ мегирифтанд, аз ин нафақа маҳрум карда шудаанд. Раиси Оҷонсии мубориза бо фасод гуфт, аз ин шумор 7 046 нафар комилан солим будаанд.

"Аз ҳисоби гирифтани нафақаҳои маъюбии ғайриқонунӣ ба буҷа 14 миллиону 718 000 сомонӣ, муодили 2,7 миллион доллар зарар омадааст ва ин хисорот ба хазинаи давлат бояд барқарор карда шаванд",- афзуд Ғоиб.

Барчаспҳо:
18.000 сомонӣ, моҷаро, нафақа, Тоҷиксодиротбонк, "Роҳи оҳан", Оҷонсии назорати молӣ ва мубориза бо фасод, Абдукарим Шехов, Наталя Назаршоева, Амонулло Ҳукуматулло, Абдуфаттоҳи Ғоиб, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ