01:34 24 октябри 2017
Пахши мустақим
Бинои Прокуратураи генералии ҶТ. Акс аз бойгонӣ

Мақсуд Иброҳимов дар Душанбе аст, мақомот

© Sputnik Амир Исаев
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
2 0 0

Алайҳи Иброҳимов ба иттиҳоми экстримистӣ парванда боз шуда, тафтишашро Вазорати умури дохилӣ идома медиҳад, менависад “Озодӣ”.

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Додситонии кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки Мақсуд Иброҳимов — яке аз ёрони Умаралӣ Қувватов, раҳбари созмони мамнӯъшудаи "Гуруҳи 24" ҳоло дар боздоштгоҳе дар Душанбе қарор дорад, хабар медиҳад Радиои "Озодӣ".

Алайҳи Иброҳимов ба иттиҳоми экстримистӣ парванда боз шуда, тафтишашро Вазорати умури дохилӣ идома медиҳад, менависад "Озодӣ".

Қаблан Шоҳҳусайн Коров, муовини раиси раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабарҳои нашршуда дар бораи истирдоди Мақсуд Иброҳимов, раҳбари созмони ҷавонон "Барои эҳёи Тоҷикистон" аз Маскав ба Душанберо рад кард. Вай афзуда, буд, ки тамоми маводи марбут ба истирдоди афроди гумонбар аз зери дасти эшон мегузарад ва дар рӯйхати истирдодшудаҳо дар рӯзҳои охир аслан нафаре бо номи Мақсуд Иброҳимов мавҷуд нест.

Афроди наздик ба Иброҳимов қаблан дар суҳбат ба расонаҳо гуфта буданд, ки Иброҳимов шаби 20 ба 21 январ аз тариқи фурудгоҳи низомии Чкаловск, воқеъ дар вилояти Маскав, ба Душанбе бурдаанд. Ба гуфтаи онҳо, Иброҳимовро ҳоло дар боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе нигоҳ медоранд.

Номи Мақсуд Иброҳимов, раҳбари созмони ҷавонон "Барои эҳёи Тоҷикистон" ва узви раёсати эътилофи нирӯҳои мухолифин "Тоҷикистони нав" дар ду моҳи пеш баъди як сӯиқасд ба ҷонаш даор пойтахти Русия вирди забонҳо шуд. Ба қавли наздиконаш, ин ҳамла шаби 26 ба 27 ноябр дар назди манзили иқомати ӯ дар кӯчаи Бокуи шаҳри Маскав сурат гирифта, ӯро бо захмҳои сангин ба бемористон интиқол доданд. Ӯ қариб як моҳро дар бемористон ба сар бурд, вале баъди ҷавоб шуданаш ҳам, ба гуфтаи ёрони ӯ, таҳти назорати мақомоти амниятӣ қарор дошт.

Мақомоти Русия ҳанӯз дар рӯзи нашри хабари сӯиқасд ба ҷони ин сиёсатмадори мухолифи тоҷик гуфта буданд, ки баъди табобаташ Иброҳимов ба ҳабс гирифта хоҳад шуд, чунки аз сӯи мақомоти Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дорад.

Барчаспҳо:
экстремизм, ба Душанбе, муттаҳам, истирдод, "Тоҷикистони нав", "Гуруҳи 24", прокуратураи генералӣ, Мақсуд Иброҳимов, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ