01:36 24 октябри 2017
Пахши мустақим
Нишасти матбуотии Додситонии кул. 30 январи соли 2015

Додситон мегӯяд, таҳқиқи ҳаводиси Хоруғ мутаваққиф шудааст

© Sputnik Амир Исаев
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
1 0 0

Дар робита ба қазияи тирпаронӣ 14 нафар айбдоршаванда аз ҳисоби сокинон дар пайгарди қонунӣ қарор доранд ва таҳқиқи минбаъдаи он ҳаводис ба хотири муташанниҷ нашудани вазъи иҷтимоӣ-сиёсӣ мутваққиф шудааст.

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Таҳқиқи ҳаводиси 21-уми майи соли гузашта дар шаҳри Хоруғ мутаваққиф шудааст, бо такя ба Ҷамшед Мирзохонзода, сардори Раёсати тафтиши парвандаҳои махсусан муҳими Додситонии кулли Тоҷикистон, менависад оҷонсии "Озодагон".

Мирзохонзода, ки дар нишасти хабарии Додситонии кулл 30 январ суҳбат мекард гуфт, дар робита ба ин қазия 14 нафар айбдоршаванда аз ҳисоби сокинон дар пайгарди қонунӣ қарор доранд ва таҳқиқи минбаъдаи он ҳаводис ба хотири муташанниҷ нашудани вазъи иҷтимоӣ-сиёсӣ мутваққиф шудааст.

"Ҷузиёти бештар дар бораи ин қазия Прокуратураи генералӣ дода наметавонад. Дар кофтукоб онҳоеянд, ки ин ҷиноятро содир кардаанд ва онҳо интизомӣ нестанд. Инҳо сокинони Хоруғанд", — афзудааст Мирзохонзода.

Тирпаронии 21 майи соли гузашта дар маркази шаҳри Хоруғи Бадахшон зимни боздошти як гуруҳ сокинони муттаҳам дар қочоқи маводи мухаддир сурат гирифт, ки бо марги ҳам сокинони маҳаллӣ ва ҳам кормандони мақомоти қудратӣ анҷомид. Дар пайи ин қазия сокинони маҳаллӣ бо нишони эътироз чанд бинои мақомоти давлатиро оташ заданд, ки зарари он 11 миллион сомонӣ арзёбӣ мешавад.

Барчаспҳо:
мутаваққиф, таҳқиқ, тирпаронӣ, прокуратураи генералӣ, Ҷамшед Мирзохонзода, Хоруғ, Бадахшон

Мавзӯъҳои асосӣ