Боздошти қочоқчӣ бо 500 грамм афюн дар Панҷакент

© Sputnik Завлона
Завлона - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сокини рустои Шӯрчаи ноҳияи Панҷакент, ки қаблан барои ташкил ва нигаҳдории казино, мизу автоматҳои бозӣ бо бурди пулӣ суд шуда буд, бо 500 грамм нашъа боздошт гардид.

ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Дар Панҷакент нашъаҷаллоб, ки қаблан бо иттиҳоми дигар суд шуда буд, аз ҷониби мақомоти марбута дастгир шуд, менависад сойти Агентии назорати маводи нашъаовар.

Ба қавли манбаъ, аз тарафи кормандони шӯъбаи байниноҳиявии Зарафшони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар  дар вилояти Суғд,  дар ҳудуди шаҳри Панҷакент бо гумони даст доштан ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар як сокини маҳаллӣ дастгир карда шуд, ки аз ӯ як бастаи селлофанӣ бо маводи ҷигариранг мусодира гардид.

"Мутобиқи хулосаи шӯъбаи ташхиси криминалистии ШВКД шаҳри Панҷакент, маводи мусодирашуда афюн буда, вазни он тақрибан 500 граммро ташкил менамояд",- қайд мешавад дар хабари манбаъ.

Тавре тафтишоти пешакӣ нишон дод, дастгиршуда қаблан бо моддаи 240 КҶ ҶТ «Ташкил ё нигоҳдории қиморхона (казино), мизу автоматҳои бозӣ бо бурди пулӣ» суд шуда будааст, ва ба озодӣ баромада, ният доштааст, дар ҳудуди шаҳри Панҷакент бо паҳн намудани афюн машғул шавад.

"Дар натиҷаи андешидани чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҳаммаслаки ӯ — сокини деҳаи Нуристони шаҳри Панҷакент дастгир гардид",- омадааст дар хабар.

Аз рӯи ҳодисаи мазкур аз тарафи шӯъбаи тафтишоти Раёсати Агентӣ парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 200 қисми 2 КҶ ҶТ «Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ба миқдори начандон калон» оғоз гардидааст ва тафтишот давом дорад.

Лентаи хабарҳо
0