06:30 24 сентябри 2017
Пахши мустақим
Ҳашиш. Акс аз бойгонӣ

Дар Шаҳринав се нафар бо ҷурми нашъаҷаллобӣ боздошт гардиданд

© Sputnik / Андрей Стенин
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
0 0 0

Кормандони бахши фаврӣ-ҷустуҷӯии Агентии назорати маводи нашъадор дар ғарби кишвар се шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт кардаанд. Ин афрод ният доштанд, 1 кило ҳашишро ба таври қочоқ ба хориҷа интиқол бидиҳанд.

ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Дар натиҷаи гузаронидани амалиёт дар деҳаи Селбури ноҳияи Шаҳринав бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар се шаҳрванд дастгир гардиданд, менависад сойти АНМН.

Ба иттилоъи манбаъ, инҳо  сокинони ноҳияи Шаҳринав ва шаҳри Ваҳдат буда, аснои тафтиш аз онҳо 1 кг воситаи нашъаовари ҳашиш мусодира гардид.

"Тавре тафтишоти пешакӣ нишон дод, боздоштшудагон ният доштанд, маводи нашъаоварро берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ интиқол диҳанд. Айни ҳол чораҳои оперативӣ барои муайян ва дастгир намудани аъзоёни боқимондаи гурӯҳ андешида шудаанд",- иттилоъ медиҳад сарчашмаи хабар.

Нисбати ин ҳодиса аз ҷониби шӯъбаи тафтишоти Агентӣ тибқи моддаи 200 қисми 3 ("муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ба миқдори калон") парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида,  тафтишот давом дорад.  

Мавзуъ

АНМН: ҳудуди 2,5 тонна маводи нашъадор мусодира гардид
Барчаспҳо:
1 килограмм ҳашиш, нашъаҷаллобӣ, қочоқчиён, боздошт, Агентӣ, АНМН, Селбур, Ваҳдат, Шаҳринав, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ