00:15 18 августи 2017
Пахши мустақим
Ҳероин. Акс аз бойгонӣ

Боздошти як тоҷикистонӣ дар Маскав бо 70 кг ҳероин

© Flickr/ isafmedia
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
1 0 0

Кормандони Хадамоти федеролии назорат бар гардиши маводи мухаддири Русия гумонбар дар қочоқи маводи мухаддирро боздошт кардаанд, ки дар мошинаш ҳудуди 70 кило нашъаро интиқол медод.

ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Сокини Душанбе, ки бо гумони даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир таҳти назорати мақомоти қудратии Русия буд, аз ҷониби кормандони ХФНММ дастгир шуд. Аз мошини ӯ 70 кило ҳероин дарёфт гардид, иттилоъ медиҳад РИА Новости дар такя ба ниҳоди номбурда.

"Кормандони Хадамоти федеролии назорат бар гардиши маводи мухаддири Русия қаблан аз омадани як узви гурӯҳи қочоқгар аз Душанбе ба Маскав хабар ёфтаанд. Вай бояд аз ҷои таиншуда ин миқдор маводро мегирифт ва дар халтаҳо барои фурӯш дар вилояти Маскав омода мекард",- омадааст дар хабари сарчашма.

Ба иттилоъи манбаъ, дастгиршуда узви ГМҶ (Гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ) буда, дар шаҳри Маскав ва гирду атрофи он ба паҳн кардан ва фурӯши маводи сахттаъсири ҳероини тавлиди Афғонистон саҳм дорад.

"Баъд аз вуруди вай ба Маскав аз пасаш назорати шабонарӯзӣ муқаррар карданд. Вақте, ки вай савори мошини "Опел-Зафир" шудааст, мошине, ки дар он маводи мухаддир бор карда шуда буд, вайро боздошт кардаанд",- меафзояд сарчашма.

Бино ба хабари ин манбаъ, 70 килограм ҳероин дар бозори сиёсҳ 200 миллион рубл арзиш дорад.

Ба дастгиршуда бошад, ҳукми зиндон ба мӯҳлати аз 15 то 20 сол таҳдид мекунад.

Мавзуъ

Афғонистон дар тавлиди ҳероин ва ҳашиш дар ҷаҳон пешсаф мебошад
Шаҳрвандони ҶТ бо 10 кг ҳероин дар вилояти Маскав боздошт шуданд
Мусодираи ҳероин аснои амалиёти муштараки хадамоти ҶТ ва ҶҚ
Додгоҳи Дубай барои 13 килограмм ҳероин 10 соли зиндонро раво дид
Барчаспҳо:
қочоқчии ҳероин, нашъа, дастгиршуда, боздошти тоҷикистонӣ бо 70 кг ҳероин, ХФНММ, ГМҶ, Маскав, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ