00:26 18 августи 2017
Пахши мустақим
Стамбул. Архивное фото

Эъломи исми гумонабарони қатли Умаралӣ Қувватов дар Истамбул

© Flickr/ Maks Karochkin
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
1 0 0

Ҳуввияти афроде, ки дар қатли Умаралӣ Қувватов муттаҳам мешаванд, ошно аст, вале кормандони ниҳодҳои интизомии Туркия феълан танҳо номи онҳоро эълом карданд.

ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Пулиси Туркия номи муттаҳамони эҳтимолии қатли мухолифи тоҷик Умаралӣ Қувватовро эълом карданд. Инҳо Сӯҳроб Г. ва Баҳодур А. мебошанд, менависад хабаргузории "Аксам" бо истинод ба манобеъи дар ВКД кишвар.

Ба иттилоъи хабаргузорӣ, онҳо баъд аз чанд рӯзи вуқӯъи қатл боздошт шудаанд.

Қаблан муттаҳам дар қатли мухолиф Сулаймон Қаюмов изҳор медошт, ки ба Қувватов муҳофизаш тир паррондааст. Ба навиштаи рӯзномаи Hurriyet, дар ин бора муттаҳами аслӣ дар қатли Қувватов дар баёноти худ навиштааст, ки аз 12 саҳифа иборат аст.

Ба навиштаи ин расона, Қаюмов куллияи иттиҳомот мабнӣ бар он, ки гӯиё вай ба ғизои Қувватов заҳр андохта бошад ва сипас ӯро тир парронданд, радд кард.

"Ин ман набудам. Ин муҳофизаш ба вай заҳр дод. Ман ба ҳангоми қатл шоҳид набудам. Нафаре, ки маро баъд аз қатл пайдо кард, машварат дод, ки фирор кунам. Ман зуд барои парвоз ба шаҳри Алмато билет гирифтам, вале пулиси Қазоқистон аз вуруди ман ба ин кишвар ҷилавгирӣ кард ва дубораи ба Туркия фиристод ва дар ин ҷо ман боздошт шудам", — изҳор дошт Қаюмов.

Бунёнгузор ва пешвои "Гурӯҳи 24" Умаралӣ Қувватов, ки тӯли се соли ахир аз мақомоти Тоҷикистон интиқод мекард, шаби 6 март дар Истамбул кушта шуд.

Умаралӣ Қувватов ҳамроҳи хонумаш ва 5 кӯдаки хурдсоли худ як соли ахир дар Туркия иқомат дошт ва мунтазири дарёфти ҳаққи паноҳандагии СММ буд.

Дар Тоҷикистон "Гурӯҳи 24" ифротгаро эълом шудааст. Чанд тан аз ҷонибдорону аъзои он ба мӯҳлатҳои тӯлонии зиндон маҳкум шудаанд.

Мавзуъ

Дар робита ба қатли Қувватов “чанд нафари дигар” боздошт шудааст
Дар Туркия се гумонбар дар қатли Умаралӣ Қувватов боздошт шуданд
Як шаҳрванди Тоҷикистон дар робита ба куштори Қувватов ҳабс шуд
Вокунишҳо аз Душанбе: қатли Қувватов тарҳрезишуда буд
Расонаҳо: Умаралӣ Қувватов дар Истамбул кушта шуд
Боздошти Умаралӣ Қувватов дар Истамбул
Барчаспҳо:
эъломи номи гунаҳкорони қатли Умаров, қатли Умаров, боздошти муттаҳамони қатли Қувватов, "Гурӯҳи 24", Сулаймон Қаюмов, Умаралӣ Қувватов, Туркия

Мавзӯъҳои асосӣ