00:22 18 августи 2017
Пахши мустақим
Гумонбар дар қатли сиёсатмадор Борис Немтсов Заур Дадаев (аз чап) дар додгоҳи Басманнийи шаҳри Маскав

Вакили мудофеъ: Дадаев аз эътирофи қатли Немтсов даст накашидааст

© Sputnik / Максим Блинов
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
0 0 0

Ҳимоягарони Заур Дадаев ҳақиқати эътирофи ӯро дар мавриди даст доштанаш дар қатли Борис Немтсов месанҷанд, худи гумонбар ҳанӯз аз эътирофаш даст накашидааст.

ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Заур Дадаев, ки дар қатли сиёсатмадор гумонбар дониста мешавад, аз эътирофаш дар бораи даст доштан дар қазия даст накашидааст, иброз дошт ба РИА Новости адвокати ӯ Иван Герасимов.

"Ҳоло зерҳимояи мо аз эътирофаш даст накашидааст, дар ин бора ҳанӯз барвақт аст. Мо фақат ба ҳайси гумонбар аз рӯзи 8 март эътирофи ӯро дар даст дорем",- гуфт вакили мудофеъ.

Дар ҳоли ҳозир ҳимоячиён паҳлӯҳои дигари қазияро таҳқиқ мекунанд.

"Таҳқиқи қазия идома дорад. Сабаб ва омилҳои он ҳанӯз рӯшан нест. Зерҳимояи мо ҳоло фақат гумонбар асту бас",- қайд кард Герасимов.

Борис Немтсов шаби 28 феврали соли равон дар маркази шаҳри Маскав, дар наздикии Кохи Кремл ба қатл расид. Сиёсатмадори маъруф дар аввали солҳои 90-и садаи гузашта дар мақомҳои олии роҳбарикунандаи ФР кор карда, дар оғози соли 2000-ум ба сафи мухолифини ҳукумат пайваст.  

Мавзуъ

Ҳолномаи Борис Немтсов
Барчаспҳо:
гумонбар дар қатли Немтсов, эътироф накардааст, вакили мудофеъи Дадаев, зерҳимоя, Иван Герасимов, Заур Дадаев, Борис Немтсов, Русия, Маскав

Мавзӯъҳои асосӣ