02:01 22 ноябри 2017
Пахши мустақим
Суди шаҳри Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Додгоҳи Душанбе ҳукми 2 узви “Гурӯҳи 24”-ро бетағйир монд

© Sputnik
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
6 0 0

Ҳукми ҳар ду муттаҳам дар аъзогии созмони мамнуъшудаи “Гуруҳи 24” аз сӯи додгоҳи кассатсионӣ бе тағйир боқӣ мондааст.

ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Додгоҳи шаҳри Душанбе ҳукми ду узви "Гуруҳи 24"-ро, ки фаъолияти он бо ҳукми Додгоҳи олӣ дар кишвар мамнуъ эълом шудааст, бетағйир гузоштааст, менависад хабаргузории "Озодагон".

Додраси додгоҳи шаҳри Душанбе Тоҳирбек Собиқзода рӯзи чаҳоршанбеи 29 апрел ҳукми ду нафар муттаҳам ба узвияти "Гуруҳи 24"-ро, ки қаблан аз ҷониби додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе маҳкум ба 16,5 соли равонаи зиндон шуда буданд, бетағйир монд.

Вакилони мудофеи онҳо ва худи маҳкумшавандагон дар нимаи аввали моҳи март аз болои додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ шикояти кассатсионӣ бурда буданд.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе рӯзи 13 марти соли ҷорӣ Фирдавс Муҳиддинов ва Фарҳод Каримовро ба иттиҳоми узвият дар созмони мамнӯи "Гурӯҳи 24" ва ҳифзи як акси таҳқиркунандаи раисиҷумҳури Тоҷикистон дар компютерашон 16.5 солӣ аз озодӣ маҳрум кард. Ин ду нафар бар асоси моддаи 307, қисми 3 (даъватҳои оммавӣ ҷиҳати бо роҳи зӯроварӣ ғасб кардани ҳокимияти давлатӣ мутобиқи супориши ташкилоти нияти душманона дошта ё намояндагони давлатҳои хориҷӣ); 307 прим. 1, қисмҳои 1, 2 ва 187, қисмҳои 1, 2 айбдор мешаванд.

"Гурӯҳи 24", ки раҳбарияшро Умаралӣ Қувватов соҳибкори фирорӣ бар ӯҳда дошт ва шаби 5 ба 6 март дар Истамбул кушта шуд, дар моҳҳои август ва сентябри соли 2014 дар чандин шаҳри Русия, аз ҷумла дар Новосибирск, Екатеринбург, Самара, Саратов ва Маскав силсилаи гирдиҳамоиҳои муҳоҷирони тоҷикро бо талаби истеъфои ҳукумати кунунии Тоҷикистон баргузор карда буд. Гуфта мешавад, нақши калидиро дар ташкили ин гирдиҳамоиҳо маҳз созмони "Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон" бозӣ кардааст.

"Гурӯҳи 24" рӯзи 10 октябри соли 2014 дар маркази Душанбе низ як гирдиҳамоӣ алайҳи сиёсати ҳукумати Тоҷикистонро даъват кард. Аммо мақомоти Тоҷикистон аз чанд рӯзи пеш тадобири амниятиро дар атрофи пойтахт афзоиш дода, худи "Гурӯҳи 24"-ро бо қарори Додгоҳи олӣ экстремистӣ ва мамнӯъ эълон карданд. Дар натиҷа, рӯзи 10 октябр дар соате ки "Гурӯҳи 24" даъват карда буд, касе ба гирдиҳамоӣ дар майдони марказии Душанбе ҳозир нашуд.

Барчаспҳо:
17.5 соли зиндон, "Гуруҳи 24", узвият, додгоҳи кассатсионӣ, мурофиа, ҳукм, суди шаҳри Душанбе, суди Исмоили Сомонӣ, Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ