Тоҷир беш аз 500 ҳазор сомонӣ андозро насупорида боздошт шуд

© Sputnik Завлона. Акс аз бойгонӣ
Завлона. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Боздошти директори Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳудуди "Инсоф-2010" дар ҳолест, ки Кумитаи андози Тоҷикистон чанде қабл ин ширкатро ба руйхати "андозсупорандагони бемасъулият" ворид карда буд.

ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Роҳбари ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди "Инсоф-2010" ба иттиҳоми саркашӣ аз пардохти андозҳо боздошт гардидааст, омадааст дар хабари сомонаи ВКД.

Ба иттилоъи манбаъ, рӯзи 9 август директори 34-солаи Ҷамъияти "Инсоф-2010" зимни амалиёти муштараки кормандони Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД ва кормандони Додситонии шаҳри Душанбе дастгир шудааст.

Гуфта мешавад, ин шахс аз якуми январ то моҳи июни соли ҷорӣ тавассути марзи гумрукӣ аз Ҳиндустон маҳсулоти гуштиро ворид намуда ва онро ба фурӯш гузоштааст, аммо аз пардохти андози он, ки 501.000 сомониро ташкил медиҳад, саркашӣ кардааст.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки алайҳи ин шахс парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда ва тафтишотро идома медиҳад. Боздошти директори Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳудуди "Инсоф-2010" дар ҳолест, ки Кумитаи андози Тоҷикистон чанде қабл ин ширкатро ба руйхати "андозсупорандагони бемасъулият" ворид карда буд.

Лентаи хабарҳо
0