Тафтиши дороиҳои раиси ҲНИТ

© Страница М. Кабири в FacebookМуҳиддин Кабирӣ дар парлумон. Акс аз бойгонӣ
Муҳиддин Кабирӣ дар парлумон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин тафтишро як комисcия иборат аз намояндагони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Оҷонсии мубориза бо коррупсия анҷом додааст.

ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Дар иншооте, ки дар шаҳри Душанбе ба раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ва пайвандони вай тааллуқ доранд, рӯзҳои истироҳат ҷустуҷӯ анҷом шудааст, иброз дошт Муҳамадалӣ Ҳайит, муовини раиси ҲНИТ аснои суҳбат бо Sputnik.

Додситонии кулл: алайҳи Муҳиддин Кабирӣ парвандаи ҷиноӣ боз нашудааст

Ин тафтишро як комиcсия иборат аз намояндагони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Оҷонсии мубориза бо коррупсия анҷом додааст.

"Супориши тафтиш ва ҷустуҷӯи дороиҳои раиси ҲНИТ ва наздиконаш аз сӯи Фирӯз Холмуродов, муфаттиши додситонии кулл содир шудааст. Холмуродов дар гузашта корманди оҷонсии коррупсия буд ва парвандаҳои Зайд Саидов, тоҷири зиндониро тафтиш мекард", — гуфт ҷаноби Ҳайит.

Муовини раиси ҲНИТ мегӯяд, гарчанде барои онҳо сабаби ин ҷустуҷӯ рӯшан нест, аммо эҳтимол дар доираи парвандаи "фурӯши бемористони ноҳияи Рӯдакӣ" мақомот мехоҳанд иншооти мутаалиқ ба Кабирӣ ва пайвандонашро таҳқиқ кунанд.

"Аз манзили Кабирӣ 7 ҳазор сомонӣ, 189 доллар, миқдоре китобҳои арабиву форсӣ, ҳуҷҷатҳои шахсӣ ва туҳфаҳоеро, ки ба ӯ оварда буданд, мақомот бо худ бурданд", — афзуд ҷаноби Ҳайит.

Мақомот ҳамчунин корхонаи истеҳсоли коғази ташнобе, ки ба пайвандони Кабирӣ тааллуқ дорад, корхонаи сохтмонӣ, ки ба яке аз бародарони раиси ҲНИТ тааллуқ дорад, маркази "Диалог", ки дар километри 7-ум ҷойгир аст, ҷустуҷӯ кардаанд. Зимни таҳқиқ сабти видеоӣ сурат гирифтааст.

Қаблан як муаллифи АМИТ "Ховар" бо номи Пӯлод Ғафуров Муҳиддин Кабириро дар ҳамдастӣ бо Абдуҳалим Назарзода — генерали фирорӣ муттаҳам карда буд.

Лентаи хабарҳо
0