12:21 16 декабри 2017
Пахши мустақим
Корманди пулис бо дастбанд. Акс аз бойгонӣ

Узви дигари Коллегияи адвокатҳои “Сипар” ҳам боздошт шуд

© Sputnik / Владимир Вяткин
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
16 0 0

Дилбар Додоҷонова аз ҳуқуқи аъзои боздоштшудаи ҳизби мамнуъ дифоъ кардааст ё не, ҳоло маълум намебошад.

Душанбе, 3 ноя — Sputnik. Ҳуқуқшинос ва узви Коллегияи адвокатҳои "Сипар" Дилбар Додаҷонова ба иттиҳоми қаллобӣ боздошт шудааст.

Тибқи иттилоияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, Додаҷонова бо мақсади дар марҳилаи назоратии Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳал намудани баҳси шаҳрвандӣ вобаста ба қитъаи замини наздиҳавлигӣ, аз шаҳрванд "М" маблағӣ пулии 10 ҳазор доллари амрикоӣ гирифтааст.

Додоҷонова гӯиё ин маблағро ҳамчун ҳаққи хизмати додрасҳои Додгоҳи олии Тоҷикистон талаб намудааст.

Рӯзи 26 октябри соли равон ҳангоми гирифтани маблағи 5 ҳазору 800 доллари амрикоӣ ва 1000 сомонӣ аз шаҳрванд "М" дар кӯчаи Зафари ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе боздошт шудааст.

Ҳоло алайҳи ӯ бар асоси бо моддаи 247 қисми 4 банди "б" Кодекси ҷиноии кишвар (яъне тасарруфи молу мулки ғайр ё ба даст овардани ҳуқуқ ба молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ё сӯиистифодаи боварӣ, аз ҷониби шахс бо истифодаи мақоми хизматӣ ва, бо истифодаи мақоми хизматӣ ва расонидани зарари моддӣ ба миқдори махсусан калон) парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст.

Рӯзи 28 сентябр узви дигари Коллегияи адвокатҳои "Сипар" Бузургмеҳр Ёров, ки аз ҳуқуқи аъзои боздоштшудаи Ҳизби мамнуи наҳзати исломии Тоҷикистон ҳимоя мекард, боздошт шуда буд. Ӯ дар қаллобӣ ва сохтакории ҳуҷҷатҳо айбдор мешавад.

Баъдан, 23 октябр инчунин бо иттиҳмои қаллоби ваклиди фои дигари ин созмон Нуриддин Махкамов ҳам, ки ӯ низ аз ҳуқуқи аъзои ҲНИТ ҳимоя мекард, дастгир шуд.

Дилбар Додоҷонова аз ҳуқуқи аъзои боздоштшудаи ҳизби мамнуъ дифоъ кардааст ё не, ҳоло маълум намебошад.

 

 

Барчаспҳо:
коллегия, Сипар, адвокат, Махкамов, Нуриддин, Бузургмеҳр, Дилбар, Додоҷонова, Ёров, агентӣ, модда, қаллобӣ, доллар, боздошт, фасод, мубориза, Тоҷикистон, боздошти вакили дифоъ, Коллегияи адвокатҳои "Сипар", ВКД, Нуриддин Махкамов, Дилбар Додаҷонова, Бузургмеҳр Ёров, Шоҳмансур, Зарафшон, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ