Тайи як шабонарӯз дар ҶТ 24 кг нашъа мусодира гардидааст

© Sputnik / Андрей Архипов / Гузариш ба медиабонкБоздошти ҷинояткор. Акс аз бойгонӣ.
Боздошти ҷинояткор. Акс аз бойгонӣ. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кормандони мақомоти қудратӣ тайи як шабонарӯзи гузашта аз сокинони вилояти Суғд ва Хатлон наздики 56 баста маводи нашаъдор дарёфт кардаанд.

ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Дар вилоятҳои Суғд ва Хатлон панҷ нафар бо иттиҳоми даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир шуданд, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии Агентии назорати маводи нашъадори ҶТ.

Дар вилояти Суғд чаҳор тан аз сокинони шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дастгир гардиданд.

Аснои амалиёти ҷустуҷӯӣ кормандони мақомот аз онҳо халтаи селофанӣ бо маводи қаҳварангро дарёфт ва мусодира намуданд.

Баъди чанд муддат дар манзили яке аз дастгиршудагон бо истифода аз саги хизматӣ кофтуков гузаронида шуд.

Ҳашиш дар халтаҳо. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Кашфу мусодираи беш аз 5 кило маводи нашъадор дар Хуҷанд

"Аз пинҳонгоҳ як халта бо 17 баста, бо маводи бӯи махсус дошта ва  ҳамчунин як халтаи дигар бо хока дарёфт шуд",-гуфта мешавад дар иттилоъия.

Дар умум кормандони ҳифзи ҳуқуқ зиёда аз 8 кг ҳашиш ва 0,86 кг ҳероин дарёфт намуданд.

Дар шаҳри Қурғонтеппаи вилояти Хатлон бошад, аз сокини Исфара 39 баста ҳашиш дарёфт гардид. Вазни умумии мавод 15 кг-ро ташкил дод.

Аз рӯи  ҳодиса нисбати ҳар ду ҷинояткор парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.

Қаблан хабар дода шуд, ки аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар давоми семоҳаи аввали соли 2016 наздики 300 кило маводи нашъадор дарёфт гардидааст.

Лентаи хабарҳо
0