07:57 24 январи 2017
Пахши мустақим
Телефони мобилӣ. Акс аз бойгонӣ

ВКД: таҳдидгар дастгир гарид

© Sputnik / Валерий Левитин
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
1100

Ин мард тариқи шабакаи Интернет бо зани 25-солаи сокини шаҳри Турсунзода шиносоӣ пайдо намуда, аз ӯ хоҳиш намудааст, ки расми бадани урёни худро ба ӯ ирсол намояд.

ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Дар шаҳри Турсунзода як марди 29-сола худро корманди милиса муаррифӣ карда, бо роҳи тарсонидан аз сокинон пул мегирифтааст, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии ВКД.

Гуфтанист, ин мард тариқи шабакаи Интернет  бо зани 25-солаи сокини шаҳри Турсунзода шиносоӣ пайдо намуда, аз ӯ хоҳиш намудааст, ки расми бадани урёни худро ба ӯ ирсол намояд.

Манбаъ мегӯяд, баъдан ин мард худро корманди милитсия муаррифӣ карда, бо роҳи тамаъҷуӣ ва таҳдиди бе обрӯ кардан аз ӯ як  гарданбанди тиллоӣ ва телефони мобилии тамғаи "Нокиа", ҷамъ ба маблағи 3300 сомониро  талаб карда гирифтааст.

Инчунин ӯ такроран зани 25-соларо бо роҳи фиреб ба осоишгоҳи "Қаратоғ"-и шаҳри Турсунзода бурда, бо ӯ рафторҳои бадахлоқона намуда, бо телефони мобилии шахсиаш ба навор гирифта, бо роҳи тамаъҷӯӣ ва таҳдиди беобрӯ  кардан  аз ӯ  1050 сомониро талаб кардааст.

Дар қиболи боздоштшуда парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтиши он давом дорад.

Мавзуъ

ВКД: ҷавон “IPhone-6”-ро дуздиду боздошт гардид
Барчаспҳо:
парвандаи ҷиноятӣ, шабакаи интернет, тамаъҷӯӣ, таҳдид, ВКД, Турсунзода

Мавзӯъҳои асосӣ