ВАО: Ёқуб Салимов баъди 22 рӯз аз зиндон раҳо мешавад

© Sputnik / Шлей / Гузариш ба медиабонкМаҳкама. Акс аз бойгонӣ
Маҳкама. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири собиқи корҳои дохилӣ ва сафири пешини Тоҷикистон дар Туркия, соли 2003 бо дархости ҷониби Тоҷикистон дар Русия боздошт ва баъди истирдодаш ба Душанбе бо иттиҳоми хиёнат ба ватан, нигаҳдорӣ ва тиҷорати силоҳ ва сӯистифода аз мансаб аз сӯи додгоҳи олӣ ба 15 соли зиндон маҳкум гардид.

ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Вазири пешини корҳои дохилии Тоҷикистон, собиқ раиси Хадамоти гумруки кишвар, Ёқуб Салимов рӯзи 24 июн аз зиндон озод хоҳад шуд, менависанд расонаҳои маҳаллии ҷумҳурӣ бо такя ба манобеъи худ дар мақомоти қудратӣ.

Ба иттилоъи ин сарчашмаҳо, 15 соли маҳкумияти Ёқуб Салимов рӯзи 23 июн ба анҷом расида, як рӯз баъд ӯро аз зиндон ҷавоб медиҳанд.

"Пас аз афви охирин, ки соли 2014 ба муносибати 20-солагии қабули Қонуни асосии Тоҷикистон сурат гирифта буд, 1 солу 3 моҳи муҳлати ҷазои Ёқуб Салимов боқӣ монда буд",- омадааст дар хабар.

Дар ҳамин ҳол, наздикони Ёқуб Салимов ҳафтаи гузашта бо ӯ мулоқот доштаанд ва Салимов таъкид кардааст, ки дар миёнаҳои моҳи июни соли  ҷорӣ озод хоҳад шуд.

Дар авоили соли ҷорӣ, Рустами Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон, ки назорати зиндонҳоро низ бар ӯҳда дорад, гуфт, мӯҳлати ҳабси Ёқуб Салимов, аз фармондеҳони пешини Фронти халқӣ дароз нашудааст ва ӯ баъди анҷоми мӯҳлати ҷазояш озод хоҳад шуд. Оқои вазир илова кард, ки "бо анҷоми мӯҳлати зиндон касе ҳақ надорад, ки Ёқуб Салимовро дар маҳбас нигаҳ дорад.

Ёқуб Салимов, вазири собиқи корҳои дохилӣ ва намояндаи Тоҷикистон дар Туркия, соли 2003 бо дархости ҷониби Тоҷикистон дар Русия боздошт ва баъди истирдодаш ба Душанбе бо иттиҳоми хиёнат ба ватан, нигаҳдорӣ ва тиҷорати силоҳ ва сӯистифода аз мансаб аз сӯи додгоҳи олӣ ба 15 соли зиндон маҳкум гардид. Вай аз тамоми рутбаҳои низомӣ ва ҷоизаҳои давлатияш низ маҳрум шудааст.

Лентаи хабарҳо
0