Суди вилоятии Маскав моҳияти парвандаи “Бандаи ГТА” -ро баррасӣ мекунад

© Sputnik / Руслан Кривобок / Гузариш ба медиабонкТаҷҳизоти судӣ. Акс аз бойгонӣ
Таҷҳизоти судӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шаҳрвандони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки ба ҳайати гурӯҳи ба истилоҳ дастаи ГТА дохил мешаванд, дар куштори 17 нафар гумонбар дониста шуда, ҳамчунин дар даст доштан ба бандитизм, ғоратгарӣ, тайёр ва нигаҳдории ғайриконунии силоҳ айбдор карда мешаванд.

ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Суди вилоятии Маскав баррасии парвандаи ҷиноии "Бандаи ГТА" —ро, ки иштирокчиёни он дар 17 куштор ва дигар ҷиноятҳои вазнин айбдор карда мешаванд сар кардааст, хабар доданд ба РИА Новости дар суд.

"Додгоҳ парвандаи ҷиноии айбдоршавандагони "Бандаи  ГТА" —ро моҳиятан баррасӣ мекунад. Мувофиқи тартиби судӣ, додситон хулосаи айбдоркунии парвандаро хонда, пасон судшавандагон ба суд мегӯянд, ки гуноҳи худро ба душ мегиранд ё не"- гуфт, ҳамсӯҳбати оҷонсӣ.

Қаблан ҳимоягари яке аз айбдоршавнадагон Калимат Гусейнова хабар дода буд, ки қариб ҳамаи аъзоёни даста айбашонро бар душ гирифтаанд.

"Ҳамаи айбдоршавандагон бо тафтишот ҳамкорӣ мекунанд, касе ба гуноҳаш пурра иқрор мешавад, дигаре қисман гуноҳашро ба душ мегирад.  На ҳамаи онҳо ба даста шомил буданашонро қоил мешаванд",- мегӯяд Гусейнова, ҳимоятгари Ҳазратхон Додохонов.

Дастбанд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Узви “Бандаи ГТА” дар Тоҷикистон дастгир гардид

Судшавандаҳо 9 нафаранд- Ҳазратхон Додохонов, Холиқ Субҳонов, Анвар Улуғмуродов, Фазлиддин Ҳасанов, Шерозҷон Қодиров, Мирзомавлон Мирзошарипов, Абдумуқим Мамадҷонов, Умар Ҳасанов ва Зафарҷон Гулямов. Вобаста ба нақши худ дар гурӯҳ, онҳо ба бандитизм, куштор, ҳамлаи ғоратгарона, тайёр ва нигаҳдории ғайриқонунии аслиҳа гунаҳкор дониста мешаванд.

Бино ба  маълумоти тафтишот, Ибайдулло Субҳонов моҳи марти соли 2012 дар вилояти Маскав дастаеро ташкил намуд, ки ба ҳайати он зиёда аз 15 нафар шаҳрвандони Осиёи Марказӣ шомил шуданд. Дар дохили гурӯҳ низоми қатъӣ ҷорӣ буд, ҳамаи иштирокчиён бояд  бечунучаро ба роҳбари худ итоат мекарданд.

Чуноне ки прокуратура хабар медиҳад,  аз соли 2012 то соли 2014 дар ҳудуди минтақаи Маскав дастаи мусаллаҳ ба 15 ҳодисаи роҳзанӣ даст зада, 17 куштор ва қасд ба ҷони ду нафар аз ҷониби онҳо анҷом дода шудааст.

Аз ҷумла, дар шоҳроҳҳои  калони вилояти назди Маскав ҷинояткорон ба якчанд маротиба ба ронандаҳо ҳамла кардаанд. Ҷинояткорон шабҳангом бо ёрии дандонаҳои худсохт  чархи мошинҳоро вайрон мекарданд ва ронандагон маҷбур мешуданд, ки таваққуф кунанд. Пасон ҷинояткорон  қурбониёни худро мекуштанд ва амволи онҳоро аз худ мекарданд.

Роҳбари гурӯҳ, ки ҳангоми дастгир шудан ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муқобилияти мусаллаҳона нишон дод, кушта шуда, панҷ нафар иштирокчиёни даста,ки берун аз қаламрави Русия паноҳ бурданд, дар пайгарди байналмилалӣ қарор доранд.  Нисбати онҳо парвандаи алоҳида боз гардида тафтишот идома дорад.

Силсила кушторҳои бераҳмона дар давоми солҳои 2012-2014 дар ҳудуди вилояти назди  Маскав аз ҷумла дар роҳи автомобилгарди М4 "Дон" ба амал омадааст, ВАО-и Руссия дастаро "Бандаи ГТА" ном додааст, ки он ба бозии машхури компютерӣ  рабт дода мешавад.

Лентаи хабарҳо
0