13:46 10 декабри 2016
Пахши мустақим
Банкети ҷашнӣ. Акс аз бойгонӣ

Домоди гурезпой: боздошти шоҳ барои напардохтани пули банкети тӯй дар Маскав

© Sputnik / Екатерина Чеснокова
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
27 0 0

Сокини Маскав барои гузаронидани туйи худ тарабхона фармон додааст, аммо баъди дидани нархи пардохт (100 ҳазор рубли русӣ) аз он ҷо бо ҳамсар ва меҳмононаш ғайб задааст.

ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Кормандони ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Маскав, мардеро, ки баъди тӯяш пули тарабхонаро насупорида ғайб задааст, дастгир карданд, хабар медиҳад рӯзи чоршанбе ВКД-и шаҳрӣ.

"Шӯъбаи ВКД-и Русия дар ноҳияи Соколники аз рӯи моддаи 165-уми Кодекси ҷиноии ФР "Расонидани зарар ба молу мулк бо роҳи фиреб ё сӯистифода аз боварӣ" нисбтати "домоди гурезпой" парвандаи ҷиноӣ боз кардааст",-омадааст дар иттилоия.

Бино ба маълумоти пулис сокини 41-солаи шаҳри Маскав ба хотири баргузории туй банкет фармоиш дода, баъди дидани ҳаҷми пардохт ҳамроҳ бо ҳамсар ва меҳмононаш толорро тарк кардааст. Туй аллакай фармоиш дода шуда буд, аммо баъди дидани ҳаҷми пардохт, подшоҳ ва дӯстонаш тарабхонаро  тарк карданд.

Кормандони пулис шахсияти шоҳро маълум карда ва ба шӯъбаи пулис оварданд. Ба ӯ мӯҳлати то ду соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид  мекунад.

Барчаспҳо:
домод, пардохт накардани пули банкет, ВКД-и Русия, Маскав

Мавзӯъҳои асосӣ