13:45 10 декабри 2016
Пахши мустақим
Боздошт. Акс аз бойгонӣ

Дастгир гардидани қочоқчии тоҷик дар Узбакистон

© Sputnik / Андрей Архипов
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
7 0 0

Дар рафти ковтуков аз ҷузвдони дастгиршуда ду зхалтаи баста бо ду килограмм маводи мухаддир дарёфт гардид. Аз рӯи ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст.

ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Намояндагони хадамоти ҳифзи ҳуқуқи Узбакистон барои дастгир намудани қочоқчӣ дар сарҳади Тоҷикистон, амалиёти махсус доир намуданд, хабар медиҳад Sputnik Узбакистон.

Ҷинояткор бояд шабона аз Тоҷикистон ба ноҳияи Бекободи Тошканд қисми калони маводи мухадирро интиқол медод.

Дар пайи гузаронидани амалиёти вижа аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқи Узбакистон сокини ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд, марди 46-сола, Абдураҳмон Бердиқулов, ки нияти ғайриқонунӣ убур кардани сарҳадро дошт, дастгир гардид.

"Пас аз тафтиши пешакӣ маълум шуд, ки гумонбаршуда қаблан дар Узбекистон бо иттиҳоми интиқоли маводи мухаддир зиндон шуда, соли 2014 бо қарори авф озод шудааст. Дар рафти тафтишот аз ҷузвдони варзишии ӯ ду халтаи басташуда, ки ҳаҷми умумиаш ду килограмм буд, дарёфт ва мусодира градид",-қайд мекунад манбаъ.

Да робита бо ин аз рӯи моддаи 246 (Интиҷоли ғайриқонунӣ) ва моддаи 273 (Истеҳсол, харид ва нигоҳдории ғайриқонунии маводи нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади фурӯш)-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Узбакистон парвандаи ҷиноӣ боз карда шудааст.

Барчаспҳо:
2 кило, маводи мухаддир, қочоқчӣ, Узбакистон

Мавзӯъҳои асосӣ