19:08 06 декабри 2016
Пахши мустақим
Дар додгоҳ. Акс аз бойгонӣ

Дар ноҳияи Айнӣ духтари 23-сола аз ҷониби келини хона кушта шуд

© Sputnik / Евгений Биятов
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
79 0 0

Дар пайи хусумат келини хона хоҳари шавҳари худро аз ҷарӣ тела дода, бо санг чанд маротиба ба сараш зарба задааст. Дар натиҷа духтари 23-сола ҷон дод

ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Дар ноҳияи Айнӣ зане, хоҳари шавҳари худро ба ҳалокат расонидааст, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ.

Санаи 18-уми ноябри соли равон, тахминан соати 11:30-дақиқа, аз мавзеи "Сафедиён"-и ноҳияи Айнӣ ҷасади ҷавондухтари 23-солаи сокини деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт карда шуд.

"Гумонбаршуда аз сабаби хусумат доштанаш, марҳумро қасдан аз ҷарии тахминан 10-метр тела дода, баъдан бо санг якчанд маротиба ба сару рӯяш зада, охирон ба ҳалокат расонидааст",-омадааст дар иттилоия.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ  дар содир намудани ҷинояти куштор аз ҷониби кормандони милитсия ва мақомоти Прокуратура ҳамсари бародари марҳум зани 25-солаи сокини ҳамин ноҳия, муайян ва боздошт гардид.

Мавзуъ

Ба ҳалокат расидани сокини ноҳияи Рӯдакӣ аз дасти ҳамсоя
Ба ҳалокат расидани зани 35-сола дар Истаравшан
Барчаспҳо:
куштори хоҳари шавҳар, ВКД-и Тоҷикистон, ноҳияи Айнӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ