19:08 06 декабри 2016
Пахши мустақим
Ҷанҷол. Акс аз бойгонӣ

Писар ба хотири ҳифзи падар сабаби марги сокини шаҳри Хуҷанд шуд

© Flickr/ Alan Turkus
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
260 0 0

Писари 16-сола ҷанҷоли падарашро бо марди дигар дида, ба хотири ҳифзи ӯ мардро бо мушт задааст. Дар натиҷа сокини 47-солаи шаҳри Хуҷанд ба ҳалокат расидааст

ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанд ҷанҷоли байни ду сокини ҳамин шаҳр бо марги яке аз онҳо анҷом ёфт, хабар медиҳад хадамоти матбуоти вазорати корҳои дохилии ҶТ.

Санаи 20-уми ноябри соли 2016, тахминан соати 16:30-дақиқа, марди 47-солаи сокини шаҳри Хуҷанд дар ҳудуди маҳаллаи Чашмаи Арзандаи ҳамин шаҳр, дар ҳолати мастӣ бо марди 39-солаи сокини маҳаллаи зикргардида ҷангу ҷанҷол карда, дашномҳои қабеҳ додааст.

"Ин ҳолатро дида, писари 16-солаи марди 39-сола ба ғазаб омада, бо мушташ як маротиба ба рӯи марди 47-сола задааст, ки дар натиҷа охирон ба замин афтида, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона вафот кардааст",-омадааст дар иттилоия.

 Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.

Барчаспҳо:
писари 16-сола, марги нафари маст, ҷанҷол, ВКД-и Тоҷикистон, Хуҷанд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ