01:03 09 декабри 2016
Пахши мустақим
Садамаи нақлиётӣ. Акс аз бойгонӣ

Духтарчаи 7-сола зери чархҳои “КАМАЗ” монд

© Sputnik / Сергей Ещенко
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
26 0 0

Марди 42-сола ронандаи мошини боркаши тамғаи “КАМАЗ” аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, духтарчаи 7-соларо пахш кардааст

ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Дар пайи садамаи нақлиётӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода  духтарчаи 7-сола ба ҳалокат расид, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ.

Бино ба иттилои манбаъ ҳодиса санаи 23-юми ноябри соли 2016 тахминан соати 17:00-дақиқа дар шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода ба вуқӯъ пайваст.

"Ронандаи автомашинаи тамғаи "КАМАЗ", марди 42-солаи сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳангоми ҳаракат бо шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода, дар ҳудуди деҳаи Ноҷии болои шаҳри Ҳисор бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, духтарчаи 7-солаи сокини деҳаи зикргардидаро пахш намудааст",-омадааст дар хабарнома.

Дар натиҷа, духтарчаи хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Барчаспҳо:
марги духтарчаи 7-сола, садамаи нақлиётӣ, ВКД-и Тоҷикистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ