20:50 17 декабри 2017
Пахши мустақим
Ҳисобкунаки барқӣ. Акс аз бойгонӣ

Душанбе: дуздии барқ барои пухтани самбуса

© Sputnik / Виталий Аньков
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
95 0 0

Дар шаҳри Душанбе зимни тафтишот боз як ҳодисаи истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ муайян карда шуд

ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik.  Аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ боз як ҳодисаи истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ аз ҷониби сокини пойтахт муайян карда шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти вазорати корҳои дохилии ҶТ.

Манбаъ мегӯяд, ки санаи 25-уми декабри соли равон зимни гузаронидани санҷиши муштарак аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва мутахассисони шабакаҳои барқии пойтахт истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ аз ҷониби соҳибкор, марди 29-солаи сокини пойтахт маълум гардид.

Ӯ бо роҳи пинҳонӣ аз симчӯби қувваи барқ, бе иҷозати шабакаҳои барқӣ ва ҳисобгираки барқӣ қувваи барқро ба дӯкони самбуса ва кулчапазӣ, воқеъ дар хонаи истиқоматиаш гузаронидааст.

Бо ин роҳ ӯ ба ширкати саҳомии холдингии "Барқи Тоҷик", ба миқдори  2 ҳазору 211-сомонӣ зарари моддӣ расонидааст.

Қаблан хабар дода шуд, ки бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон қувваи барқро бидуни ҳисобкунак истифода мебаранд ва зарари умумии он ба "Барқи тоҷик" 25 835 сомонӣ ҳисоб карда шуд.

Аз рӯи ҳодиса тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
насупоридани маблағ, дуздии қувваи барқ, Барқи тоҷик, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ