“Оворагард”: талбандагӣ ва оворагардии ноболиғони тоҷик пешгирӣ мешавад

© Sputnik / Амир ИсаевПулис дар Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Пулис дар Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ноболиғон рӯзонаву шабона беназорат дар кӯчаву хиёбонҳо гаштугузор намуда, аксаран ба корҳои зараровар, хусусан ба ҳар гуна бозиҳои компютерӣ, машғул мешаванд

ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Дар Душанбе бо мақсади пешгирии талбандагӣ ва корҳои ношоистаи ноболиғон амалиёти "Оворагард" оғоз гардид, хабар медиҳад хадамоти матбуоти вазорати корҳои дохилии ҶТ.

Аз ҷумла, дар рӯзҳои аввали баргузории ин гуна чораандешиҳо аз тарафи кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони (ХПҲНҶ) ВКД, дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ҳолатҳои зиёди машғул шудани ноболиғону ҷавонони беҳудагард ба бозиҳои компютерии хусусияти зӯроваридошта муайяну ошкор карда шуданд.

Намоишгоҳи Comic Con Russia ва ИгроМир. Рӯзи сеюм. - Sputnik Тоҷикистон
Олимон оқибатҳои вобастагӣ аз бозиҳои компютериро ошкор карданд

Мавриди зикр аст, ки чораандешии мазкур, ки пеш аз ҳама, бо мақсади таъмини иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» амалӣ карда мешавад, ҳолатҳои зиёди вайрон намудани талаботи ин қонун аз тарафи волидони ноболиғонро ошкор намуд.

"Ноболиғони зиёд рӯзонаву шабона беназорат дар кӯчаву хиёбонҳо гаштугузор намуда, аксаран ба корҳои зараровар, хусусан ба ҳар гуна бозиҳои компютерӣ, ки боиси ҷой гирифтани рафтору кирдорҳои бадахлоқона ба тафаккури насли наврас мегарданд, машғул мешаванд",-омадааст дар хабарнома.

Нисбати волидони он ноболиғону ҷавононе, ки зимни ин амалиёт боздошт мешаванд, мувофиқи талаботи қонунгузорӣ чораҳои таъсирбахш андешида хоҳанд шуд.

Вазорати корҳои дохилии ҶТ аз волидони хоҳиш карда мекунад, ки ҳама гуна рафтору ҳаракати фарзандони худро таҳти назорат қарор дода, нагузоранд, ягон лаҳзаи ҳаёти онҳо сарфи корҳои зараровар шавад.

Лентаи хабарҳо
0