00:58 21 сентябри 2017
Пахши мустақим
Мошини кормандони ВКД. Акс аз бойгонӣ

Пирамарди нигаҳбон худро дар назди Додситонии низомии Хатлон тарконд

© Sputnik / Павел Лисицын
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
84401

Нигаҳбони омӯзишгоҳи фаннии шаҳри Қурғонтеппа худро дар назди сохтмони Додситонии низомии Хатлон тарконидааст

ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки Ҳасанбой Раҳмонов, нигаҳбони омӯзишгоҳи фаннии шаҳри Қурғонтеппа, якшанбе шаб, 12 март, худро назди сохтмони Додситонии низомии вилояти Хатлон тарконидааст.

Ҳасанбой Раҳмонов 67-сола буд ва дар кӯчаи Айнӣ, 63 зиндагӣ мекард.

Неруҳои интизомӣ барои бозрасӣ ба ин қазия парванда ташкил дода ва далоили онро бозҷӯӣ доранд.

Хабаргузории РИА Новости аз қавли намояндаи ВКД Тоҷикистон менависад, ки ин пирамард бо истифода аз маводи мунфаҷирае ки аз синфҳои физика ва химия бурдааст, афзори мунфаҷирае сохта ки ҳангоми бурдан дар дасташ таркида ва ӯро куштааст.

Мавзуъ

Ҳалокати шаш нафар ҳангоми бозгашт аз маросими дафн дар шаҳри Ваҳдат
Фоҷиа дар Сангвор: ҳалокати кӯдак ва хароб шудани чанд манзил
Барчаспҳо:
таркиш, ВКД, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ