Сокини 27-солаи Мурғоб бо сангҳои гаронбаҳо дастгир шуд

© Sputnik / Владимир Минкевич / Гузариш ба медиабонкДрагоценные камни, архивное фото
Драгоценные камни, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сокини 27-солаи ноҳияи Мурғоб ба иттиҳоми муомилаи ғайриқонунии сангҳои гаронбаҳо дастгир шуд

ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Бино ба гузориши равобити умумии вазорати корҳои дохилаи ҶТ, ин сокини ноҳияи Мурғоб дар паи баргузории бозҷуст аз сӯи нерӯҳои интизомӣ дастгир шудааст.

"Ҳангоми бозрасии шахсӣ аз кисаи вай як халтаи полиэтиленӣ, ки дар дарунаш 150, 75  грам сангҳои сурхранг буд, пайдо ва мусодира карда шуд", — омадааст дар гузориши нерӯҳои интизомӣ.

Ташхиси коршиносон маълум кард, ки дар дохили халта сангҳои гаронбаҳои ёқут будааст.

Равобити умумии ВКД ҶТ эълом карда, ки бозҷӯён барои расидагӣ ба ин қазия парванда оғоз кардаву бозҷӯиро идома медиҳанд.

Лентаи хабарҳо
0