21:59 13 декабри 2017
Пахши мустақим
Садамаи нақлиётӣ. Акс аз бойгонӣ

Сафари пурхатар: ҷавони 26-сола ба Хуҷанд нарасида ҳалок шуд

© Фото: фото Маленькая Сызрань
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
1449 0 0

Дар паи чаппа шудани худрав як мусофир дар ҷои ҳодиса ҳалок шуда, мусофири дигар бо ҷароҳатҳои вазнин дар беморхона бистарӣ гашт

ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии ВКД ҶТ, ҳодиса 30 июн тахминан соати 17:30 дар роҳи Конибодом-Хуҷанд ба вуқӯъ пайвастааст

Ронандаи автомашинаи тамғаи "Мазда 350", сокини шаҳри Конибодом ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Конибодом ба  шаҳри Хуҷанд дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Шарифов аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро дар канори роҳ чаппа кардааст. 

Дар натиҷа мусофир, марди 26-солаи сокини шаҳри мазкур ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаааст.

Мусофири дигар марди 30-солаи сокини ҳамин шаҳр ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.   

Мавзуъ

Ҷасади кӯдаки 10-сола ва марди 34-сола пас аз садама аз дарё ёфт шуд
Садама дар роҳи Хоруғ-Мурғоб-Қулма боиси марги писарбачаи хурдсол шуд
Садама дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд боиси марги ду пиёдагард шуд
Барчаспҳо:
ВКДҶТ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ