Пиразане барои фурӯши дипломи донишгоҳ дастгир шуд

© Sputnik / Алексей Бойцов / Гузариш ба медиабонкДенежные купюры, архивное фото
Денежные купюры, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Пиразани 60-солае аз шаҳри Турсунзода ба иттиҳоми тақаллуби дипломи донишгоҳ дастгир шуд

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Бино ба гузориши равобити умумии ВКД ҶТ, ин зан соли 2015 аз омӯзгори яке аз мактабҳои ҳамин шаҳр 350 дулор гирифта ва барояш дипломи яке аз донишгоҳҳоро тақаллуб кардааст.

"Ин пиразан соли 2015 аз зани 36-солае аз шаҳри Турсунзода ки омӯзгори яке аз мактабҳои ин шаҳр будааст, 350 дулор дарёфт карда барояш дипломи яке аз донишгоҳҳои олии Тоҷикистонро сохтаву додааст", — омадааст дар иттилоъия.

Кормандони нерӯҳои интизомӣ дар паи баргузории амалиёти бозҷӯӣ ин занро ба иттилҳоми тақаллуби мадраки таҳсилӣ дастгир карданд.

Барои баррасии ин қазия парванда оғоз шудааст.

Лентаи хабарҳо
0