ВУД ҶТ ҳувияти ронандаи садамаи "Водонасос"-ро эълом кард

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкАвтомобили на проезжей части, архивное фото
Автомобили на проезжей части, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохила ҳувияти ронандаи садамаи "Водоносос"-ро эълом кард

ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ВУД ҶТ, ронандае, ки рӯзи 30 июл дар шаҳри Душанбе ду касро пахш кард, Шарифов Одилҷон Комилҷонович будааст.

Бар пояи иттилоъи ВУД, рӯзи 30 июл соати 11:10 ронандаи худрави "Мерседес-Бенс" бо шумораи давлатии 01-00 МА 01 Одилҷон Шарифов ҳангоми ҳаракат аз кӯчаи Амиршоев ба кӯчаи Чашмасор (Водонасос) дар шаҳри Душанбе ба садама дучор шудааст.

Крупное ДТП в Ставропольском крае - Sputnik Тоҷикистон
Чоҳкан зери чоҳ: боздошти ҷавоне, ки худравро дуздида ба садама уфтод

Одилҷон Шарифов соли 1993 зода шуда ва сокини шаҳри Душанбе буда ва бозпурси шуъбаи бозҷӯии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аст.

"Дар паи садама ӯ ду пиёдагард — Қурбоналӣ Ҷобиров, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Варзоб ва Муҳаммадҷон Мизонов, соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Душанберо, ки дар канори роҳ истода буданд, пахш кардааст".

Ба иттилои манбаъ, дар натиҷа пиёдагардон ҷароҳати сахти ҷисмонӣ бардошта, Қурбоналӣ Ҷобиров дар бемористон ҷон бохтааст.

Манбаъ меафзояд, ки барои бозрасии ин ҳодиса парванда барои қарори ниҳоӣ аз рӯи тобеъият ба Додситонии низомии Ҷумҳурии Тоҷикистон равон карда шудааст.

Лентаи хабарҳо
0