11:24 22 сентябри 2017
Пахши мустақим
Зиндон. Акс аз бойгонӣ

Ҳабси абади тоҷике, ки соли гузашта ду моҳигирро дар Русия кушта буд

© Sputnik / Шлей
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
116 0 0

Моҳи июни соли гузашта Орипови 25-сола ду моҳигирро дар назди ҳавзҳои Барски шаҳри Фрязино кушта буд

ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Муҳоҷири тоҷике, ки дар вилояти назди Маскав ба моҳигирони рус ҳуҷум карда, онҳоро ба қатл расонид ба ҳабси абад равона шуд.

Бино ба иттилоъи торномаи хабарии Сарраёсати кумитаи тафтишоти Маскав, додгоҳ Ориповро ба зиндони якумра бо адои ҷазо дар калонаи маъмулӣ маҳкум кард.

Тибқи иттилоъи ин ниҳод ин марди тоҷик субҳи рӯзи 17-уми июни соли 2016  дар соҳили ҳавзҳои Барски шаҳри Фрязинои назди Маскав ба моҳигирони маҳаллӣ ҳуҷум кардааст.

Он замон мақомоти пулиси Русия давоми се соат муттаҳамро муайян карданд. Ҳангоми амалиёти боздошт муттаҳам бо корд ба пулис муқовимат нишон дод ва дар натиҷа маъмурини пулис ба қисми пой ва дасти ӯ тир холӣ карданд. Айбдоршаванда дар беморхона бистарӣ шуда буд.

Манбаъ меафзояд, ки Орипов яке аз моҳигиронро 61 маротиба ва дуюмиро 43 бор бо корд зарба задааст. Онҳо дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расиданд.

Мавзуъ

Ҳашт муҳоҷир дар "зиндони муҳоҷирон"-и Маскав қасди худкушӣ карданд
Путин: теъдоди чашмраси атбоъи Русия мусалмонанд, вале муҳоҷир нестанд
Барчаспҳо:
муҳоҷири тоҷик, ҳабси абад, Кумитаи тафтишотии Русия, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ