Боздошти ноболиғони Душанбе бо иттиҳоми дуздии алкул аз тарабхона

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкНаручники, архивное фото
Наручники, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷавони 18 сола ва писарбачаи 15-сола аз дохили тарабхонае дар шаҳри Душанбе алкул ва плашет дуздидаанд

ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ВКД ҶТ, ҳодисаи дуздӣ рӯзи 8 август дар шаҳри Душанбе рух додааст.

ВКД мегӯяд, ки ба мақомот марди 22-солаи сокини шаҳри Душанбе оиди ҳолати дуздӣ хабар додааст.

Ӯ гуфтааст, ки рӯзи 8-уми август, тахминан соати 15:20 шахсони номаълум вориди яке аз тарабхонаҳои пойтахт шуда, аз он ҷо нӯшокиҳои спиртӣ ва  як планшет дуздиданд.

Арзиши умумии молҳои рабудашуда 5000 сомониро ташкил медиҳад.

"Дар паи корҳои ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғон: писарбачаи 18-сола ва навраси 15-солаи сокинони шаҳри Душанбе бо гумони дуздӣ дастгир шуданд", — омадааст дар хабарнома.

Манбаъ меафзояд, ки ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад.    

Лентаи хабарҳо
0