20:06 20 ноябри 2017
Пахши мустақим
Маҳмуд Давлатзод. Акс аз бойгонӣ

Бозпас гирифтани ариза ва пардохти 150 ҳазор рубл ба муҳоҷири гушгазида

© Фото: Фонд "Общественный вердикт"
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
71 0 0

Муҳоҷири тоҷик, ки чанде пеш яке аз сокинони бадхашми Маскав гӯшашро газида буд ба гирифтани 150 ҳазор рубл розӣ шуду аризаашро бозпас гирифт

ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Маҳмуд Давлатзода-кӯчарӯби Маскав пас аз оштӣ бо марди бадхашми рус аризаи худро бар ивази пардохти 150 ҳазор рубл бозпас гирифт.

Ба гузориши  бунёди "Общественный вердикт", Маҳмуд Давлатзод аризаи шикоятии худро бозпас гирифтааст.

Ёдовар мешавем, ки сокини Маскав кӯчарӯби тоҷикро ду бор лату кӯб карда буд.

Маҳмуд ду маротиба ба пулис аз ӯ шикоят бурда ва ариза навишта буд, вале аризаашро фақат пас аз ҳозир шудан бо ҳимоятгараш аз созмони ҷамъиятии "Общественный вердикт" қабул карданд.

Дар ин росто маъмури пулис ҳатто аз муҳоҷири тоҷик талаб карда, ки аризаашро бозпас гирад. Ҳимоятгари Маҳмуд ба пулис занг задаст, ки Давлатовро ба ҳолаш гузоранд.

Вале пас аз чанде Маҳмуд ҳам аризаи худро бозпас гирифтаасту ба қавли намояндагони "Общественый вердикт", Маҳмудро тарсонида будаанд ва ӯ гуфтааст, ки "аз кишвари хориҷ аст" ва мушкилоту кашокашии барзиёд бо мақомоти пулис барояш мувофиқ нест.

Маҳмуд дар ҳузури ҳимоятгараш Ирина Бердюкова бо марди бадхашми рус созишномаи оштӣ бастанд, ки мувофиқи он марди рус  бояд 150 ҳазор рубл барои табобати Маҳмуд пардохт кунад.

"Оштӣ ҳам як намуди ҷазо аст. Ӯ бахшиш пурсид ва зарари маънавии худро ҷурбон кард. Маҳмуд марди ором ва ботақво будааст, эҳтимол аз ин лиҳоз чунин қарор қабул кард. Мо бар хилофи хоҳиши ҷабрдида муҳокимаи ин қазияро идома дода наметавонем", — шарҳ дод Ирина.

Пострадавший дворник с поврежденным ухом
Пострадавший дворник с поврежденным ухом

Қазия аз ин қарор буда, ки Маҳмуд он рӯз аз зане дархост карда будааст, ки сагашро аз гулзоре, ки вай коштаву обёрӣ мекарда, дур кунад. нагузорад болои гулҳои коридааш ҳоҷаташро бароварда кунад. Фардояш шавҳари ин зан Маҳмудро сахт лату кӯб карда чанддандонашро шикастааст. Маҳмуд аз ӯ ба калонтарии пулис шикоят бурдааст, вале кормандони пулис шикояташро сабт накардаву маслиҳат додаанд, ки қазияро бо роҳи оштиҷӯёна ҳалл кунад.

Маҳмудро аз дасти он марди "гӯшхор" роҳгузарҳо раҳо кардаанд. Ӯ ҳам фурсате ёфтаву санге бардоштаву он мардро задааст. Сипас Маҳмуд аз бунёди "Общественный вердикт" ёрӣ хоставу акнун вакил Ирина Бирюкова қазияашро пайгирӣ дорад, ки онро расонаӣ кардааст.

Ирина мегӯяд, "Маҳмудро се рӯз дар бемористон ройгон доруву дармон карданд, вале гуфтанд, ки бояд дармонашро идома дод, ки шояд камобеш 100 ҳазор рубл ҳазинааш шавад, ки ӯ чунин пуле надорад. Вай даҳ сол боз дар ноҳияи Матвеевский кор мекунад ва ҳама бошандагон аз ӯ ба некӣ ёд мекунанд".

Барчаспҳо:
Маҳмуд Давлатзод, Маскав

Мавзӯъҳои асосӣ