00:32 19 ноябри 2017
Пахши мустақим
Татьяна Хужина, акс аз бойгонӣ

Хужина бе танга ба Русия баргашт

© Sputnik
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
5410

Шаҳрванди Русия Татяна Хужина, ки чанде пеш ба иттиҳоми қочоқи тангаи таърихӣ дар фурудгоҳи Душанбе дастгир шудаву аз ҷониби додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур ҷарима шуда буд, имрӯз бе тангааш ба Русия бар гашт

ДУШАНБЕ, 6 сен— Sputnik. Ин зани рус паз аз пардохти ҷарима ба маблағи 600 дулор хоки Тоҷикистонро тарк кард.

Гуфта мешавад, ки мақомоти Тоҷикистон ӯро бо гумони қочоқи тангаи таърихӣ боздошт карда буд. Чун Хужина фарзанлди ноболиғ дорад, ин далел ҷазои ӯро сабук карду додгоҳи Душанбе ба сифати ҷазо барояш ҷаримаро раво донист.

Бо кумаки шаҳрвандони Тоҷикистон ва бархе аз рӯзноманигорони рус Хужина ҷаримаашро пардохт кард.

Бо вуҷуди рухдодҳо Татяна аз Тоҷикистон ва мардуми он дилшикаста нест ва  ният дорад боз ба Душанбе бар гардад.

"Ман ба хубӣ ба Русия баргаштам. Албатта, агар имконият шавад, боз ба Душанбе бар мегардам", — гуфт ӯ дар суҳбат бо радиои Sputnik Тоҷикистон.

Ба гуфти Хужина духтараш аз ин ҳодисот нороҳат нашудааст, чун Татяна кӯшиш кардааст, то ӯро аз ин ахбор огоҳ накунад.

"Ман кушиш мекардам, ки духтарам дар ин бора хабар наёбад. Истироҳаташ дар Душанбе халадор нашуд. Барои ҳамин ӯ ин ҳодисотро бе ғам аз сар гузаронд", — нақл кард Хужина дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Татяна Хужинаро намояндагони Русия дар Тоҷикистон то фурудгоҳи Душанбе гусел карданду тангааш дар дасти мақомоти Тоҷикистон монд.

Мавзуъ

Татяна Хужина бо кумаки тоҷикон ҷаримаашро парохт кард
Тоҷикистониён мехоҳанд дар пардохти ҷарима ба Татяна Хужина кӯмак кунанд
ВКД Русия: Татяна Хужина дар Тоҷикистон мемонад
Барчаспҳо:
аз Тоҷикистон ба Русия, баргаштан, Татяна Хужина, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ