11:07 22 сентябри 2017
Пахши мустақим
Боздошт. Акс аз бойгонӣ

Боздошти "корманди" БДА ба иттиҳоми порагирӣ

© Sputnik / Игорь Зарембо
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
377 0 0

Сокини ноҳияи Ашт худро корманди милиса муаррифӣ карда, аз марди 40-сола пора талаб кардааст

ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти марди 31-сола, сокини ноҳияи Ашт хабар дод, ки худро корманди милиса муаррифӣ карда, аз марди 40-сола пора талаб кардааст.

Ба гузориши манбаъ, ба мақомоти милисаи ноҳияи Ашт сокини 40-сола муроҷиат карда, арз доштааст, ки тахминан соати 22:00, марди 31-солаи сокини ҷамоати деҳоти Шодобаи ҳамин ноҳия, дар ҳудуди деҳаи Қаҳрамон, автомашинаи тамғаи "Тико"-ро манъ намуда, худашро ҳамчун корманди милитсия намудааст.

"Вай бо баҳонаи гузаштани мӯҳлати муоинаи техникии автомашинаи мазкур, рақами пеши автомашинаро гирифта, барои баргардонидани он 400-сомониро ҳамчун пора талаб намудааст", — омадааст дар хабарнома.

Манбаъ меафзояд, ки 8-уми сентябр "корманди" милиса ҳангоми гирифтани 300-сомонӣ, аз ҷониби мақомоти қудратӣ дастгир шуд.

Айни замон аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Мавзуъ

ВУД ҶТ: милиса табарзанро дастгир кард
ВУД: ҷавони 24-солае пас аз корд задани бародараш ба милиса таслим шуд
Барчаспҳо:
милисаи қалбакӣ, боздошт, ВКД-и Тоҷикистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ