20:02 22 ноябри 2017
Пахши мустақим
Худравҳо дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Нашри рӯйхати ронандагони ҷаримагурез дар ВКД

© Sputnik Амир Исаев
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
345 0 0

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон феҳрасти ронандаҳоеро, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Душанберо нақз карда ва маблағи ҷаримаро пардохт накардаанд, нашр кардааст

ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии ин ниҳод, ин рӯйхат дар асоси сабти дурбинҳои Маркази низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт — "Шаҳри бехатар" пешниҳод шудааст.

Аз ҳама бештар як сокини сокини шаҳри Душанбе, Умедҷон Сафаров бо худрави "Опел-астра" қоидаҳои ҳаракатро нақз кардааст. Бино ба иттилоъи ВКД, ин ронанда дар 96 ҳолат қоидаҳоро вайрон намуда ва ҳанӯз ҷаримаро пардохт накардааст.

"Чанган"-и мутаалиқ ба сокини ноҳияи Рӯдакӣ Аҳмадулло Давлатов 88 бор қоидаҳои ҳаракат дар роҳро нақз кардааст. Дар ин рӯйхат дар мақоми сеюм аз рӯи нақзи қоида ронандаи худрави "Чанху" Раҷаббек Фозилов сокини шаҳри Душанбе ҳам номбар шудааст. Ӯ 57 бор қоидаи ҳаракат дар роҳро вайрон кардааст.

Дар миёни ронандагони ҷаримагурез ҳеч ронандаи зане номбар нашудааст. Дар умум Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйхати 20 ронандаи ҷаримагурезро нашр кардааст.

Мавзуъ

ВУД ҶТ: дар ду рӯз ду шаҳрванд дар роҳҳо ҷонашонро бохтаанд
Раисҷумҳур аз сохтмони нави Раёсати бозҷӯии ҷиноии ВУД ҶТ парда бардошт
ВУД: маъмур меҳмонхонаро ба фоҳишахона табдил дод
ВУД: марде дар Варзоб гулӯи ҳамсарашро буриду манзилашро оташ зад
ВУД: Некрӯз Ниятбеков дастгир шуд
ВУД ҶТ ҷиноятеро ошкор кард, ки 20 сол пеш содир шуда аст
Барчаспҳо:
20 ронанда, ҷаримагурезӣ, вайрон кардани қоидаи роҳ, ВКД-и Тоҷикистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ